ЮНИСЕФ хостори корбарии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти маориф ва баробарии гендерӣ дар дигар кишварҳо шуд
ДУШАНБЕ, 02.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. ЮНИСЕФ хостори корбарии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти маориф ва баробарии гендерӣ дар дигар кишварҳо шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар бошишгоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Парижи Фаронса вохӯрии Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо Директори глобалии ЮНИСЕФ оид ба маориф ва рушди ҷавонон Роберт Ҷенкинсон баргузор гардида, зимни он ҷонибҳо вобаста ба ҳамкории ҷойдошта миёни Вазорати маориф ва илм ва Дафтари ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон ибрози андеша намуданд.
Роберт Ҷенкинсон аз дастовардҳои Тоҷикистон дар соҳаи маориф изҳори хушнудӣ намуда, зикр кард, ки муваффақияти беҳтарини Тоҷикистон ба таҳсил фаро гирифтани тамоми наврасони синни мактабӣ, хусусан духтарон мебошад.
Дар вохӯрӣ, инчунин, масъалаҳои марбут ба ҳамкории минбаъда миёни Вазорати маориф ва илм ва Дафтари ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон, трансформатсияи соҳаи маориф, таваҷҷуҳ ба баробарии гендерӣ, рақамикунонии соҳаи маориф ва чанде дигар мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифт.
Роберт Ҷенкинсон пешниҳод намуд, ки дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти маориф ва баробарии гендерӣ дар шакли ҳуҷҷат таҳия ва ҳамчун дастури намунавӣ барои корбарӣ ба дигар кишварҳо фиристода шавад.
Раҳим Саидзода вобаста ба рақамикунонии соҳаи маориф иброз намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати гузаштан ба рақамикунонии соҳаи маориф тамоми чораҳоро меандешад ва шароити мусоидро барои гузаштан ба низоми мазкур тарҳрезӣ кардааст.
«Аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат пайваста ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад ва маҳз ин ғамхориҳост, ки соҳаи маориф дар сиёсати пешгирифтаи Президенти кишвар соҳаи афзалиятнок эълон гардидааст», — зикр кард вазир.
Дар охир ҷонибҳо изҳор намуданд, ки ҷиҳати рушди ҳамкории минбаъда тамоми чораҳои дахлдор андешида мешавад.
АКС: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Пешвои миллат: «Бе донистани забони адабии тоҷикӣ омӯхтани забонҳои хориҷӣ номумкин аст»
Дар Душанбе доир ба саҳми Пешвои миллат дар рушди забони тоҷикӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ЗЕҲНИ СУНЪӢ–ЭЪТИМОД, АМНИЯТ ВА РУШД». Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конфронси байналмилалӣ доир шуд
«ЗАБОНИ МИЛЛАТ-ҲАСТИИ МИЛЛАТ». Дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар Рашт ҳамоиши илмӣ доир гардид
Раҳим Саидзода: «Омӯзгор бо таълиму тарбияи насли наврас дар ташаккули неруи зеҳнӣ ва маънавии ҷомеа саҳм мегузорад»
МУАЛЛИМ–АҚЛ, ШАРАФ ВА ВИҶДОНИ ҶОМЕА. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
«ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ». Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Озмуни байналмилалии донишҷӯён ҷамъбаст шуд
Дар ноҳияи Ванҷ Литсейи касбии техникӣ сохта мешавад
Имрӯз бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Мо ба неруи созандаи аҳли маориф, таҷрибаи устодони рӯзгордида ва талошҳои омӯзгорони ҷавон эътимоди қавӣ дорем»
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар рейтинги GreenMetric World University Rankings 2026 ба натиҷаи бесобиқа ноил гардид
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба раддабандии ҷаҳонии донишгоҳҳои сабз дохил гардид






