Дар Душанбе доир ба саҳми Пешвои миллат дар рушди забони тоҷикӣ ҳамоиш баргузор шуд

Октябрь 5, 2026 14:39

ДУШАНБЕ, 05.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи забон ва Рӯзи омӯзгорон таҳти унвони «Саҳми Пешвои миллат дар рушди забони тоҷикӣ» конференсияи илмӣ–назариявӣ доир гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ.

Дар ҳамоиш иброз гардид, ки 5 октябр дар Тоҷикистон   Рӯзи забони давлатӣ  таҷлил мешавад. Маҳз дар ҳамин рӯз, 5 октябри соли 2009 Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  қабул гардид. Он  дурнамои рушди забонро дар асоси меъёрҳои муқарраргардида дар иртибот ба вазъи ҳуқуқӣ, аз ҷумла меъёрҳои истифодаи дигар забонҳо дар шароити кунунии муносибатҳои дохилӣ ва хориҷии мамлакат танзим ва муқаррар менамояд.

Таъкид шуд, ки забон ба унвони падидаи фарҳанги миллӣ аз замони пайдоиш барои нигаҳдории таърих, арзишҳои маънавии миллат, анъана ва суннатҳои мардумӣ хизмат карда, ҳамчун муҳимтарин унсури бақои миллат худро муаррифӣ намудааст. Тавассути забон дар ҳофизаи хаттии миллатҳо маҷмуи тафаккур ва андешаи мардум ҳамчун мероси маънавӣ аз наслҳои гузашта то имрӯз нигаҳдорӣ гардидааст, ки ба таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ мусоидат мекунад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намудаанд, ки «мо вазифадорем ин хазинаи бемислро чун гавҳари чашм ҳифз намоем ва барои устувор гардонидани пояҳои забони давлатиамон ҳарчи бештар заҳмат кашем. Зеро, андеша ва идеяи миллии ҳар халқ дар забону адабиёт ва фарҳангу ҳунараш ифода ёфта, дар тафаккуру маърифати фарзандони он ташаккул меёбад».

АКС: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

 

 

Октябрь 5, 2026 14:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид