«ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ». Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Озмуни байналмилалии донишҷӯён ҷамъбаст шуд
ДУШАНБЕ, 03.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Маросими ҷоизасупории Озмуни байналмилалии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олиии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷи мамлакат таҳти унвони «Забон донӣ — ҷаҳон донӣ» барои дарёфти «Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода» дар соли 2026 баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд.
Дар озмун 139 донишҷӯ аз 25 муассисаи таълимии олии мамлакат ва 4 муассисаи олии хориҷӣ иштирок намуд. Дар озмун довталабон аз рӯйи 12 забон: тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, чинӣ, олмонӣ, фаронсавӣ, ҷопонӣ, куриёӣ, форсӣ, арабӣ, ҳиндӣ ва узбекӣ маҳорату дониши забондониашонро санҷиданд.
Тибқи натиҷаҳои муайянгардида ва хулосаи ҳакамони соҳибтаҷрибаю соҳибзабон, аз рӯйи 10 равия ғолибон муайян карда шуданд. Дар натиҷа 9 нафар ҷойҳои якум, 8 нафар ҷойҳои дуюм, 10 нафар ҷойҳои сеюмро гирифта, 21 донишҷӯ бо ҷойҳои ифтихорӣ қадршиносӣ гардиданд.
Ҳадафи асосии озмун татбиқи сиёсати Ҳукумати мамлакат барои омӯзиш ва рушди забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ, баланд бардоштани шавқу ҳаваси донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба омӯзиши забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ, рушди малакаи забономӯзӣ ва истифодаи он дар иқтисодиёти давлат, дарёфти донишҷӯёни лаёқатманд ва ҷалби онҳо ба корҳои тарҷумонӣ ва илмӣ-таҳқиқотӣ мебошад.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода








Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мактаби дониш, ҷаҳонбинӣ ва худшиносӣ мебошад
Ба донишҷӯёни Донишгоҳи техникӣ касбҳои соҳаи хоҷагии обро тарғиб намуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ китоби «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар таҳким ва арҷгузорӣ ба мақоми занон дар ҷомеа» рӯнамоӣ гардид
Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ ба раддабандии байналмилалии таҳқиқоти илмии байнифаннӣ барои соли 2027 ворид шуд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИН ВА ДАСТОВАРДҲОИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Ёвон бинои иловагии муассисаи таълимӣ ва маркази инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Варзоб ду муассисаи нави таълимӣ барои 1485 хонанда ба истифода дода мешавад
Донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар Озмуни байналмилалии Cezeri Fest 2026 соҳиби ҷойи якум шуданд
ТАҲСИЛ КАРДАН ДЕРӢ НАДОРАД. Зиёда аз 8 ҳазор хонанда дар мактаби ғоибона ба таҳсил фаро гирифта шуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Маркази имтиҳонии «linguaskill» ба фаъолият оғоз намуд
ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ ВА ТАШАККУЛИ НИЗОМИ НАВИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТ. Андешаҳо дар ин маврид
Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо сертификати «Беҳтарин маркази забономӯзӣ» сарфароз гардонида шуд






