Зиёда аз 300 шаҳрванди хориҷиро аз Қазоқистон ихроҷ намуданд

Июль 28, 2022 11:55

ДУШАНБЕ, 28.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Алмаато 310 шаҳрванди хориҷӣ аз Қазоқистон ихроҷ шудаанд. Дар ин бора АБИ «Казинформ» бо истинод ба Polisia.kz хабар додааст.

Аз аввали сол дар шаҳри Алмаато 15 ҳазору 904 ҳодисаи нақзи қонунгузории муҳоҷирати Ҷумҳурии Қазоқистон ошкор гардидаанд. Дар 4182 ҳолат шаҳрвандони хориҷӣ ба ҷавобгарӣ кашида шуданд. «Тибқи ҳукми суд 310 шаҳрванди хориҷӣ аз қаламрави Ҷумҳурии Қазоқистон ихроҷ карда шуда, 673 нафар шаҳрвандони хориҷӣ, ки ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти худро надоранд, дар қабулгоҳи шуъбаи корҳои дохилӣ ҷойгир карда шуданд.

Дар 6 моҳи соли равон аз ҷониби  шахсони воқеӣ 34 162 иҷозатномаи кор ба муҳоҷирони меҳнатӣ дода шудааст. Вазифаи аввалиндараҷаи мо боздоштани роҳҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ бо тартиби шаҳрвандӣ мебошад», — иброз намуд сардори шуъбаи хадамоти муҳоҷирати шаҳри Алмаато Асхат Бутунчинов.

Дар ниҳод ҳамчунин иттилоъ доданд, ки аз аввали сол дар шаҳри Алмаато ду чорабинии ҷумҳуриявии фаврӣ-пешгирикунандаи «Муҳоҷир» ва «Нелегал» гузаронида шуданд.

АКС: polisia.kz

Июль 28, 2022 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид