20 нафар хатмкунандагони Академияи идоракунии давлатӣ ба донишгоҳҳои хориҷи кишвар қабул гардиданд
ДУШАНБЕ, 03.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати идомаи таҳсил дар зинаи магистратура 20 нафар донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишгоҳҳои хориҷи кишвар қабул гардиданд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухалил Ғафурзода иттилоъ дод.
Абдухалил Ғафурзода иброз дошт, ки Академия барои баланд бардоштани савияи дониш ва табодули таҷриба 70 нафар донишҷӯёнро ба донишгоҳҳои Қазоқистон ва Русия фиристондааст. Ҳамчунин Академия бо Донишгоҳи Авруосиёгии ба номи Л.Н. Гумилёви шаҳри Нур-Султони Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба таҳия ва татбиқи барномаи таълимии муштарак созишнома имзо карддааст, ки тибқи он 8 нафар магистрантони курси 1-уми ихтисоси «Ҳуқуқи байналмилалӣ»-и Академия дар соли таҳсили 2021-2022 ба Донишгоҳи миллии АвруОсиёгии ба номи Л.Н. Гумилёви шаҳри Нур-Султони Ҷумҳурии Қазоқистон фиристонда шуданд.
Магистрантони мазкур соли таҳсилро пурра ҷамъбаст намуда, таҳсилро дар Академия аз оғози соли таҳсили 2022-2023 аз курси дуюм идома медиҳанд.
Зикр гардид, ки дар шуъбаи тайёркунии касбии хизматчиёни давлатӣ имсол як ихтисоси нав — «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» аз рӯи ихтисосҳои идораи давлатӣ ва сиёсати берунӣ ва дипломатия таъсис дода шуд, ки барномаи магистрии мазкур як соли хонишро дар зинаи магистратура бо ҷалби хизматчиёни давлатии ботаҷриба фаро мегирад.
Тавре Ректори Академия Абдухалил Ғафурзода зикр намуд, аз миёни 286 довталаб ба шуъбаи магистратураи «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» 46 нафар қабул карда шуданд. «Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ризоият ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи Академия магистратураи «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» таъсис дод. Ҳадаф аз ташкили ин магистратура омӯзиши мактаби идоракунию давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Барои ҳамаи мо, бахусус хизматчиёни давлатӣ, ки сиёсати давлатиро дар соҳаи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ татбиқ менамоем, зарур аст мактаби бузурги давлатдории Пешвои миллатро омӯзем ва онро дар фаъолияти ҳаррӯза татбиқ намоем»,-ибрози андеша намуд А.Ғафурзода.
Иттилоъ дода шуд, ки моҳи марти соли 2022 дар Академия Шӯрои диссертатсионӣ оид ба дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос ва ихтисосҳои анъанавии ҳуқуқшиносӣ аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
Дар Академия Маркази иҷтимоии шахсони имконияташон маҳдуд ҷиҳати мусоидат ба амалишавии ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсии шахсони маъюб таъсис дода шудааст. Раёсати Академия дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба ятимон, нафарони маъюб ва ашхоси камбизоат кумак менамояд.
Барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва хизматрасонии таълимӣ-методӣ, дастрасӣ ба маълумоти дақиқ, таъмини шаффофият ва осон намудани кори кормандону омӯзгорон Академия пурра ба автоматикунонии низоми таҳсил гузаштааст.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Доир ба масоили муҳими соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳҳо конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари ҷаҳон илму дониш ва касбҳои муосир меомӯзанд
Масоили омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон баррасӣ шуд
350 нафар донишҷӯёни тоҷик дар Ҷумҳурии Корея таҳсил менамоянд
Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Корея ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ оид ба барқарорсозии рақамии ҷангалҳо ва амалиёти иқлимӣ ба имзо расид
Барои рушди соҳаи маорифи ноҳияҳои водии Рашт дар 20 соли охир беш аз 2,1 миллиард сомонӣ равона шудааст
Бо иштироки 602 нафар довталаб даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Беш аз 200 нафар ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифтанд
Дар Филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотии «Донишкадаи энергетикии Москва» дар шаҳри Душанбе озмоишгоҳи нав ба истифода дода шуд
Маркази миллии тестӣ давраи сеюми бақайдгирии довталабонро тамдид намуд
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид






