АҲСАН! Нуралӣ Эмомалӣ Чемпиони ҷаҳон оид ба ҷудо миёни ҷавонон гардид
ДУШАНБЕ, 11.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Гуаякили Эквадор Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо миёни ҷавонон ҷараён дорад. Дар рӯзи якуми рақобатҳо дар вазни -66кг Тоҷикистонро Нуралӣ Эмомалӣ муаррифӣ карда, сазовори медали тиллои мусобиқа гашт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад.
Нуралӣ Эмомалӣ дар даври якум бо варзишгари Италия – Валерио Акколи қувва санҷид. Дар дақиқаи дуюми рақобат Нуралӣ бо иҷрои зиддиҳамла тавонист аз ҳариф имтиёзи “ваза-ари” ситонад ва онро то охир ҳифз намуда, пирӯз гардад.
Дар даври дуюм Нуралӣ муқобили ҷудокори фаронсавӣ – Максим Моунданга қарор гирифт. Ин навбат ҳам Нуралӣ Эмомалӣ бо истифода аз зиддиусули касбӣ “ваза-ари” кард ва ғолиби рақобат гашт.
Дар чорякниҳоӣ чемпиони феълии Тоҷикистон рақибаш аз Туркия – Муҳаммад Демирелро бо иҷрои моҳиронаи “де аши барай” шикаст дод ва ба нимниҳоӣ роҳ ёфт.
Дар даври нимниҳоӣ Нуралӣ Эмомалӣ бо Извореану Раду аз Молдова қувваозмоӣ кард. Нуралӣ Эмомалӣ дар оғози рақобат бо истифода аз усули “де аши барай” аз ҳариф имтиёзи “ваза-ари” ситонид ва дар идома аз назари тактикӣ беҳтар амал кард, ки ин сабаб гардид, то Раду бо дарёфти се танбеҳ шикаст бихӯрад.

Дар вохӯрии ниҳоӣ Нуралӣ бо ҷудокори ҳамсоякишвари Узбекистон Чемпиони феълии Осиё миёни ҷавонон Азизбек Ортиқов зӯрозмоӣ кард. Варзишгарон набарди шадид анҷом дода, ниҳоят дар 10 сонияи охири рақобат Нуралӣ бо иҷрои зебои «коши гурума» аз ҳариф имтиёзи «ваза-ари» касб кард ва дар идомаи ҳамла рақибро дар ҳолати «осаекоми» нигаҳ дошт ва бо баҳогузории «иппон» пирӯз гашт.
Баробари дарёфти медали тилло Нуралӣ Эмомалӣ соҳиби 700 имтиёз ва ҷоизапулӣ дар ҳаҷми 2000 доллари ИМА шуд.
Ҳамакнун дар таърихи ҷудои тоҷик ин дуюмин медали тилло аз Чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонон маҳсуб мешавад.
Нахустин медали тиллоро Сомон Маҳмадбеков дар вазни -73кг моҳи октябри соли 2019 дар Чемпионати ҷаҳон дар Марокаш ба даст оварда буд.
АКС: Федератсияи ҷудои Тоҷикистон
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд






