АҲСАН! Нуралӣ Эмомалӣ Чемпиони ҷаҳон оид ба ҷудо миёни ҷавонон гардид

Август 11, 2022 08:24

ДУШАНБЕ, 11.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Гуаякили Эквадор Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо миёни ҷавонон ҷараён дорад. Дар рӯзи якуми рақобатҳо дар вазни -66кг Тоҷикистонро Нуралӣ Эмомалӣ муаррифӣ карда, сазовори медали тиллои мусобиқа гашт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Нуралӣ Эмомалӣ дар даври якум бо варзишгари Италия – Валерио Акколи қувва санҷид. Дар дақиқаи дуюми рақобат Нуралӣ бо иҷрои зиддиҳамла тавонист аз ҳариф имтиёзи “ваза-ари” ситонад ва онро то охир ҳифз намуда, пирӯз гардад.

Дар даври дуюм Нуралӣ муқобили ҷудокори фаронсавӣ – Максим Моунданга қарор гирифт. Ин навбат ҳам Нуралӣ Эмомалӣ бо истифода аз зиддиусули касбӣ “ваза-ари” кард ва ғолиби рақобат гашт.

Дар чорякниҳоӣ чемпиони феълии Тоҷикистон рақибаш аз Туркия – Муҳаммад Демирелро бо иҷрои моҳиронаи “де аши барай” шикаст дод ва ба нимниҳоӣ роҳ ёфт.

Дар даври нимниҳоӣ Нуралӣ Эмомалӣ бо Извореану Раду аз Молдова қувваозмоӣ кард. Нуралӣ Эмомалӣ дар оғози рақобат бо истифода аз усули “де аши барай” аз ҳариф имтиёзи “ваза-ари” ситонид ва дар идома аз назари тактикӣ беҳтар амал кард, ки ин сабаб гардид, то Раду бо дарёфти се танбеҳ шикаст бихӯрад.


Дар вохӯрии ниҳоӣ Нуралӣ бо ҷудокори ҳамсоякишвари Узбекистон Чемпиони феълии Осиё миёни ҷавонон Азизбек Ортиқов зӯрозмоӣ кард. Варзишгарон набарди шадид анҷом дода, ниҳоят дар  10 сонияи охири рақобат Нуралӣ бо иҷрои зебои «коши гурума» аз ҳариф имтиёзи «ваза-ари» касб кард ва дар идомаи ҳамла рақибро дар ҳолати «осаекоми» нигаҳ дошт ва бо баҳогузории «иппон» пирӯз гашт.

Баробари дарёфти медали тилло Нуралӣ Эмомалӣ соҳиби 700 имтиёз ва ҷоизапулӣ дар ҳаҷми 2000 доллари ИМА шуд.

Ҳамакнун дар таърихи ҷудои тоҷик ин дуюмин медали тилло аз Чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонон маҳсуб мешавад.

Нахустин медали тиллоро Сомон Маҳмадбеков дар вазни -73кг моҳи октябри соли 2019 дар Чемпионати ҷаҳон дар Марокаш ба даст оварда буд.

АКС: Федератсияи ҷудои Тоҷикистон

Август 11, 2022 08:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд