ҲАДИСИ МУСАВВАР. Дар Ҳисор ярмаркаи либосҳои мактабӣ ва ашёи хониш ба фаъолият шурӯъ намуд

Август 20, 2022 13:41

ДУШАНБЕ, 20.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Маркази байналмилалии савдои шаҳри Ҳисор, воқеъ дар шафати бозори «Самоҳ» ярмаркаи либосҳои мактабӣ ва ашёи хониш барои мактаббачагон ба фаъолият шурӯъ намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор.

Муовини Раиси шаҳри Ҳисор Бунафша Юлдошзода, раиси Ҷамоати шаҳраки Ҳисор Абдушукур Аловиддинов ва мудири шуъбаи маорифи шаҳр Мавҷуда Ҳакимова аз рафҳои раставу дӯконҳои ярмарка дидан намуда, бо масъулон ва фурӯшандаҳои он оид ба сифати маҳсулот ва нархи он суҳбат оростанд.

Дар ярмарка аввалин шуда, корхонаҳои дӯзандагии «Шарофат» ва «Комрок Интернешнл» маҳсулоти тайёр, аз ҷумла либоси мактабиро бо андозаҳои гуногун ва шаклу намои зебои дӯхт пешниҳод намуданд. Тавре харидорон иброз доштанд, маҳсулоти пешниҳодгардида сифати баланд дошта, ҷавобгӯи талаботи бозор мебошад. Дар ярмарка нуқтаҳои дарздӯзӣ фаъолият намуда, тибқи шавқу завқ ва фармоиши мизоҷон ба либосҳо шаклу андозаи мувофиқ медиҳанд.

Дар гӯшаҳои дигари ярмарка тоҷирон растаҳои фурӯши ашёи хониш роҳандозӣ намудаанд, ки мизоҷон имкон доранд тамоми лавозимоти зарурии мактабиро бо нархҳои дастрас дарёфт намоянд.

Дар зер суратгузориши АМИТ «Ховар» аз ҷараёни ярмаркаи мазкур:

Август 20, 2022 13:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба пажуҳиши илмӣ ва усулҳои ба роҳ мондани он ҳамоиш доир шуд
Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон бо Ҷамъияти ҳуқуқшиносони Шанхай ҳамкориро тақвият медиҳад
Сабзалӣ Ҷаъфарзода: «Таъсиси Маркази миллии тестӣ аз ҷумлаи ислоҳоти муҳимми соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд