Анҷумани XX Ҳизби коммунистии Чин 16 октябр ифтитоҳ меёбад
ДУШАНБЕ, 31.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Анҷумани XX Ҳизби коммунистии Чин 16 октябр ифтитоҳ меёбад. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора дирӯз, 30 август хабаргузории «Синхуа» хабар додааст.
Чунин таклиф рӯзи сешанбе зимни иҷлосияи Бюрои сиёсии КМ ҲКЧ, ки ба омодагӣ ба анҷумани ХХ Ҳизби коммунистии Чин бахшида шуда буд, ба миён гузошта шуд.
Дар анҷумани дарпешистода ҳайати нави КМ ҲКЧ интихоб карда мешавад. Дар баробари ин нақшаи панҷсолаи гузашта ҷамъбаст шуда, инчунин самтҳои асосии тараққиёти ҳизб ва мамлакат барои оянда нишон дода мешаванд.
Анҷумани 19-уми ҲКЧ моҳи октябри соли 2017 баргузор шуда буд.
АКС: Синхуа








Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Афғонистон ба 7 нафар расид
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд






