Аз 19 август ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт аз кӯчаи Шероз то хиёбони С.Шерозӣ маҳдуд карда мешавад

Август 18, 2022 08:40

ДУШАНБЕ, 18.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 19 август  ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт аз кӯчаи Шероз то хиёбони С.Шерозӣ маҳдуд карда мешавад, хабар доданд  ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи ронандагони воситаҳои нақлиёти мошингард, шаҳрвандон ва меҳмонон мерасонад, ки бинобар сабаби гузаронидани корҳои сохтмону навсозии роҳи мошингарди кӯчаи Шевченко аз кӯчаи Шероз то хиёбони С.Шерозӣ ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт аз 19 августи соли 2022 маҳдуд карда мешавад.

Аз ин лиҳоз аз ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш карда мешавад, ки талаботи аломатҳои роҳ ва дигар нишонаҳои гузоштаро риоя намуда, аз роҳҳои ҳамшафати он истифода намоянд.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Август 18, 2022 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд