Беш аз 100 нафар маъюбони шаҳру ноҳияҳои Суғд соҳиби аробача гардиданд

Август 8, 2022 15:33

ДУШАНБЕ, 08.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолон ва маъюбон дар шаҳри Хуҷанд ба беш аз 100 нафар маъбони шаҳру навоҳии вилояти Суғд аробачаи маъюбӣ, маводи хӯрокворӣ ва сару либос тақдим карда шуд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода иброз намуд, ки «ҳифзи иҷтимоии маъюбон, аз ҷумла, шахсони дорои имконияти маҳдуд яке аз самтҳои муҳим ва асосии сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад. Дар ин замина пайваста кумакҳо ирсол ва дастрас карда мешаванд».

Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода зикр дошт, ки «дар Тоҷикистон барои шахсони маъюб дар тамоми соҳаҳо имконияти баробари кору зиндагӣ фароҳам оварда шудааст. Ба маъюбон дар муассисаҳои давлатии тиббию иҷтимоӣ ба таври ройгон ё имтиёзнок бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ёрии тиббӣ расонида мешавад. Кӯдакони маъюб дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳангоми зарурат бо воситаҳои махсуси техникӣ таъмин мешаванд. Инчунин дар муассисаҳои махсуси таълимӣ тибқи қонунгузории мамлакат кӯдакони имконияташон маҳдуд бо таҳсили умумӣ фаро гирифта мешаванд».


Иттилоъ дода шуд, ки ҳамасола ба оилаҳои камбизоат, осебпазир ва маъюбон аз буҷети мамлакат беш аз 116 миллион сомонӣ ҷудо гардида, аз ҷумла ба маъюбон 30,9 миллион сомонӣ кумакпулӣ дода мешавад.

Ҳамчунин имрӯз Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз филиали Корхонаи протезию ортопедии шаҳри Душанбе дар шаҳри Хуҷанд боздид намуданд.

Дар ин коргоҳи хурд ба истеҳсоли пойафзолҳои махсус, протези пой, артеэс, карсет, протези даст ва ғайраҳо машғул буда, дар утоқҳои гаҷкорӣ, дастгоҳҳо, васлкунӣ, пойафзолбарорӣ ва ғайраҳо 15 нафар сокинони маҳаллӣ ба фаъолият машғуланд.

Истеҳсоли маҳсулоти ин коргоҳ ба тамоми маъюбон ва дигар эҳтиёҷмандон дастрас карда мешавад.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ

Август 8, 2022 15:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Дар Мурғоб коргоҳи маҳсулоти қаннодии «Нозанин» ва 5 гармхона ба фаъолият шуруъ намуданд
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Ванҷ синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуд
50 километр роҳи деҳоти Ҳисор ва Ориён то сарҳади Узбекистон таъмир мегардад
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
Дар Мурғоб калонтарин неругоҳи офтобӣ ба истифода дода шуд
Огоҳӣ! Дар Тоҷикистон ҳавои гарму хушк пешгӯӣ мешавад
Дар Шуғнон корхонаҳои саноатӣ ва иншооти соҳаҳои тандурустӣ ва маориф ба истифода дода шуданд
Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд