БОЗИҲОИ ҲАМБАСТАГИИ ИСЛОМӢ. Варзишгари тоҷик Екатерина Ишенко дар мусобиқаи тенниси рӯи миз сазовори медалҳои нуқра ва биринҷӣ шуд
ДУШАНБЕ, 16.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Теннисбози тоҷик Екатерина Ишенко дар рӯзи 7-уми Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ дар шаҳри Қунияи Туркия медали биринҷӣ ба даст овард. Хотиррасон мекунем, ки Екатерина Ишенко дирӯз медали нуқра ба даст оварда буд. Дар ин бора шореҳи варзиш Аловиддин Буриев аз макони мусобиқа ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.
Дар мусобиқаи тенниси рӯи миз дар «микст» Екатерина Ишенко бо варзишгардухтари озарбойҷонӣ Динара Сунчелеева соҳиби ҷойи сеюм ва медалҳои биринҷӣ шуданд.
Екатерина Ишенко миёни параолимпичиён Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндагӣ кард. Аз намуди пара-тенниси рӯи миз танҳо Екатерина Ишенко аз кишвари мо ба ин мусобиқа сафарбар гардидааст.
Ин панҷумин медали ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар Бозиҳои 5-уми ҳамбастагии исломӣ мебошад. Дар рӯзи чоруми мусобиқот варзишгарони мо 3 медал ба даст оварда буданд. Илдар Аҳмадиев дар варзиши сабук — мусобиқаи ҷаҳиш ба дарозӣ — бо натиҷаи 7.86 метр сазовори медали нуқра ва дар гӯштини юнонӣ-римӣ Асламҷон Азизов дар вазни -55кг ва Фирӯз Мирзораҷабов дар вазни -63кг сазовори ду медали биринҷӣ шуданд.
Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои 5-уми ҳамбастагии исломӣ дар шаҳри Қунияи Туркия то 18 август идома меёбанд. Варзишгарони мо дар намудҳои варзиши камонварӣ, дзюдо ва каратэ мусобиқаҳоро идома медиҳанд.
Пас аз натиҷагирии 7 рӯзи Бозиҳои 5-уми ҳамбастагии исломӣ кишвари мизбон – Туркия пешсаф аст. Варзишгарони ин кишвар сазовори 220 медал (85 тилло, 78 нуқра, 57 биринҷӣ) гардидаанд. Дастаи мунтахаби Эрон бо 36 медали тилло, 30 нуқра, 42 биринҷӣ (108 медал) дар ҷои дуюм, дастаи мунтахаби Узбекистон бо 36 медали тилло, 25 нуқра, 39 биринҷӣ (100 медал) дар ҷои сеюм мавқеъ доранд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо 2 медали нуқра ва 3 медали биринҷӣ миёни 56 кишвари иштирокчӣ дар ҷои 27-ум аст.
АКС аз манбаъҳои боз








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Шаҳритус аз рӯи 13 намуди варзиш машғулият гузаронида мешавад
10 АВГУСТ — РӮЗИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИКИСТОН. Теъдоди иншооти соҳаи варзиш беш аз 9 маротиба афзоиш ёфтааст
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати расмии ҷаҳон оид ба ҷиу-ҷитсу соҳиби 9 медал гардид
Бахшида ба Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ФУТБОЛ. Доварони Тоҷикистон дар семинари доварони элитаи КФО дар Тошканд иштирок намуданд
Намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон дар семинар барои комиссарони нави бозиҳои CAFA иштирок карданд
ФУТБОЛ. Пагоҳ бозиҳои даври 13-уми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ оғоз мегардад
Варзишгари ҷавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини юнону румӣ соҳиби медали нуқра гардид
Варзишгарони тоҷик ба хазинаи варзишии Тоҷикистон 278 медал ворид намуданд
Варзишгари Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии теннис соҳиби ду медали тилло шуд
Дар шаш моҳи соли 2026 варзишгарони вилояти Хатлон беш аз 1000 медал ба даст оварданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Данғара мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор гардид






