БОЗИҲОИ ҲАМБАСТАГИИ ИСЛОМӢ. Варзишгарони тоҷик дар рақобатҳои даставӣ оид ба гӯштини дзюдо барандаи медали биринҷӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 18.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. 17 август дар Бозиҳои 5-уми ҳамбастагии исломӣ дар шаҳри Қунияи Туркия дастаи дзюдои Тоҷикистон дар сабқати даставӣ соҳиби медали биринҷӣ шуд. Шумораи медалҳои ҳайати олимпии Тоҷикистон ба 8 адад расид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар қувваозмоиҳои даставӣ тими дзюдои Тоҷикистон нахуст бо дастаи дзюдои Узбекистон бояд сабқат мекард, вале дзюдочиёни узбекистонӣ аз рақобат даст кашиданд. Дар чорякфинал дзюдочиёни мо бар дастаи Сенегал ғолиб омаданд, вале дар нимфинал аз дастаи Озарбойҷон шикаст хӯрданд. Сипас дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм дастаи Қазоқистонро мағлуб карданд.
Ёдрас мешавем, ки қаблан дар варзиши сабук варзишгари мо Илдар Аҳмадиев, дар пара-тенниси рӯи миз Екатерина Ишенко, дар ҷудо Комроншоҳ Устопириён медали нуқра ва дар гӯштини юнонӣ-римӣ Асламҷон Азизов дар вазни -55кг, Фирӯз Мирзораҷабов дар вазни -63кг, дар дзюдо Шодмон Ризоев дар вазни -81кг ва Абубакри Акобир дар вазни -100кг медали биринҷӣ ба даст оварда буданд.
Бозиҳо имрӯз, 18 август бо натиҷагирӣ аз мусобиқаҳои каратэ, камонварӣ ва кикбоксинг анҷом меёбанд. Варзишгарони мо дар намуди каратэ мусобиқаро идома медиҳанд. Шоми имрӯз маросими пӯшидашавии бозиҳо доир мегардад.
Пас аз натиҷагирии 9 рӯз дар Бозиҳои 5-уми ҳамбастагии исломӣ кишвари мизбон – Туркия пешсаф аст. Варзишгарони мизбон сазовори 303 медал (127 тилло, 97 нуқра, 79 биринҷӣ) гардидаанд. Узбекистон бо 46 медали тилло, 38 нуқра, 56 биринҷӣ (140 медал) дар ҷои дуюм, Эрон бо 38 медали тилло, 41 нуқра, 48 биринҷӣ (127 медал) дар ҷои сеюм мавқеъ доранд.
Тоҷикистон бо 3 медали нуқра ва 5 медали биринҷӣ миёни 56 кишвари иштирокчӣ дар ҷои 29-ум аст.
АКС: КМО Тоҷикистон










Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали рамзии паралимпичиёни Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид






