Дар Чин тасмим гирифтаанд ба воситаи борони сунъӣ бо хушксолӣ мубориза баранд

Август 23, 2022 12:22

ДУШАНБЕ, 23.08.2022. /АМИТ «Ховар»/. Чин тасмим гирифтааст бо хушксолие, ки ба киштзорҳо таҳдид мекунад, тавассути боронҳои сунъӣ мубориза барад, хабар медиҳад агентии «Associated Press».

Ба гуфтаи агентӣ, тобистони соли 2022 дар Чин дар 61 соли баъд аз оғози мушоҳидаҳои обу ҳаво гармтарин буд. Хушксолӣ киштзорҳоро пажмурда намуда, обанборҳоро нимхушк кард.

Ҳукумати мамлакат тасмим гирифтааст, ки барои «наҷоти ҳосили ғаллаи тирамоҳӣ», ки 75 дарсади ҳосили солонаи Чинро ташкил медиҳад, тадбирҳои фаврӣ андешанд.

Барои боридани борон маҳсулоти махсусеро, ки ба абрҳо пошида мешаванд, бояд истифода бурд.

Инчунин ба киштзор моддаҳое пошида мешаванд, ки намиро нигоҳ дошта, зуд бухор шудани онро манъ мекунанд.

Вазири кишоварзии мамлакат Тан Жентсзян гуфт, ки даҳ рӯзи оянда барои ҳосили биринҷ дар ҷануби Чин «давраи асосии устуворӣ нисбат ба вайроншавӣ» аст.

Ӯ гуфт, мақомот барои нигоҳ доштани ҳосили ғаллаи тирамоҳӣ, ки 75 дарсади ҳосили солонаи Чинро ташкил медиҳад, чораҳои фаврӣ хоҳанд дид.

Қаблан маълум шуд, ки Испания барои тавсеа ва бунёди неругоҳҳои тозакунандаи об беш аз 200 миллион евро сармоягузорӣ мекунад.

Усули ихтироъшуда барои бартараф кардани норасоии об дар кишвар дар пасманзари хушксолӣ кумак хоҳад кард.

АКС аз манбаъҳои боз

Август 23, 2022 12:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Хоби солим сеяки хатари аломати баъдиковидиро коҳиш медиҳад
Шумораи ҳалокшудагон бар асари бархӯрди қатораҳо дар Ҳиндустон ба 288 нафар расид
Имрӯз дар Туркия даври дуюми интихоботи президентӣ баргузор мешавад
СУТ тамоми ҷаҳонро даъват намуд, ки ба пандемияи марговар, ки аз COVID-19 ҳам даҳшатноктар аст, омода шаванд
Намояндагони СҲШ ҳамкорӣ дар соҳаи рушди рақамиро баррасӣ карданд
Туркия дар остонаи даври дуюми интихобот қарор дорад
Соли 2023 шумораи сафарҳои сайёҳӣ дар саросари ҷаҳон аз 10 миллиард зиёд хоҳад шуд
COVID-19. Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ аз анҷом ёфтани пандемияи коронавирус хабар дод
Аджай Банга президенти Бонки ҷаҳонӣ интихоб гардид
Дар Узбекистон раъйдиҳии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия баргузор шуд
Шӯрои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид ҳукуматдорони афғонро барои манъи кори занон дар ин ниҳод маҳкум кард
Шумораи фавт аз COVID-19 95 фоиз коҳиш ёфтааст