Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон сохтмони бинои дуошёнаи таҷрибаомӯзӣ оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 06.08.2022. /АМИТ «Ховар»/. Вобаста ба амалӣ намудани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ва баҳри баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ сохтмони бинои дуошёнаи таҷрибаомӯзӣ оғоз гардид. Дар ин бора котиби матбуоти донишгоҳ Ҳабибулло Сатторов ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
Ин бинои дуошёна бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати корҳои таҷрибаомӯзии донишҷӯёни факултетҳои химия, биология ва география дар боғи «Агробиолабораторӣ»-и донишгоҳ ба нақша гирифта шуда, бо лавозимоти муосири таҷрибаомӯзӣ муҷаҳҳаз гардонида мешавад.
Сохтмони бинои замонавии мазкур дар мавзеи бинои пешинаи он, ки корношоям буд, қомат афрохта, айни замон тибқи нақшаи роҳбарияти онишгоҳ корҳои сохтмонии бинои дуошёна оғоз гардидаанд.
Бояд тазаккур дод, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, яъне фанҳои астрономия, математика, физика, химия, биология, зоология, география, геометрия ва ғайра ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур доданд, ки аз рӯи фанҳои зикршуда ҳар сол озмунҳои байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявиро бо зиёд кардани ҷойҳои ифтихорӣ ва аз лиҳози молиявӣ ҳавасманд гардонидани ғолибон ба роҳ монда, дар асоси талаботи нав ва бо мақсади мутобиқ сохтан ба меъёрҳои байналмилалӣ, инчунин баланд бардоштани сифати таълим стандартҳои давлатӣ ва нақшаву барномаҳои таълимиро дар ҳамаи зинаҳои таҳсил таҷдиди назар намоянд.
АКС: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон








Маркази миллии тестӣ: «Бақайдгирии довталабон барои иштирок дар даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ оғоз гардид»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҳафт иншооти соҳаи маорифро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 20-ро ба истифода доданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар якчанд муассисаи таълимии шаҳри Истаравшан корҳои сохтмонӣ идома доранд
Дар шаҳри Левакант муассисаи давлатии таҳсилоти томактабӣ ба истифода дода шуд
Байни Академияи идоракунии давлатӣ ва Дафтари барномаҳои САҲА нақшаи чорабиниҳои муштарак ба имзо расид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бинои муассисаи томактабии «Зирамоҳ»-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара муассисаи таҳсилоти томактабии «Орзу»-ро мавриди истифода қарор доданд
«ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ: СУЛҲУ СУБОТ ВА АМНИЯТИ ҶОМЕА ДАР МЕҲВАРИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ». Бо чунин унвон ҳамоиш доир гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 95-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Cокина ва китобхонаи деҳаи Хуррамзаминро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Левакант бинои нозироти андоз ва бинои нави иловагии таълимӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-ро ифтитоҳ намуданд






