Дар Донишгоҳи славянии Русия-Тоҷикистон ректори нав таъйин гардид

Август 18, 2022 12:03

ДУШАНБЕ, 18.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем,бо қаорори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №396 аз 17 августи соли 2022 Файзулло Машраб Қурбоналӣ ректори Муассисаи байнидавлатии таҳсилоти олии «Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Русия» таъйин карда шуд.

Файзулло Машраб Қурбоналӣ 49 сол дошта, зодаи ноҳияи Балҷувон мебошад. Номбурда мактаби миёнаи №6 ба номи А. С. Пушкин ноҳияи Фархорро бо медали нуқра ва соли 1995 факултети банақшагирӣ-иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ)- ро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм намудааст. Доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор аст.

Аз соли 1996 то соли 1997 ба ҳайси ассистенти кафедраи «Иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкорӣ»-и Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Аз моҳи март то июни соли 1997 дар Маркази тайёркунии кадрҳои илмӣ-педагогии (ЦПНПК) ДДМ ба номи М.В. Ломоносов, солҳои 1997-2000 дар шуъбаи рўзонаи аспирантураи кафедраи «Иқтисодиёти корхонаҳо ва асосҳои соҳибкорӣ»-и ДДМ ба номи М. В. Ломоносов таҳсил карда, рисолаи номзадиашро дар мавзўи «Особенности инновационной деятельности фирм» дар Шўрои диссертатсионии Д 501.002.02 ДДМ ба номи М. В. Ломоносов ҳимоя намудааст.

Аз моҳи ноябри соли 2001 то моҳи майи соли 2003 ба сифати муҳосиби Намояндагии Ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон (Tajikair) дар ш.Москва, аз моҳи майи соли 2003 то моҳи феврали 2006 дар вазифаҳои ҷонишини сардори Мудирияти корҳо, сардори шуъбаи сиёсати иқтисодии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори шуъбаи шартномаҳои КВД ҳавопаймоии «Тоҷикистон» фаъолият намудааст.

Аз моҳи феврали соли 2006 то моҳи феврали 2010 дар вазифаҳои декани факултаи таҳсили ғоибона ва мудири кафедраи менеҷменти инноватсионии Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон кор кардааст.

Солҳои 2010-2012 дар докторантураи кафедраи менеҷменти инноватсионнӣ ва истеҳсолии Донишгоҳи давлатии иқтисод, омор ва информатикаи Москва (МЭСИ) таҳсил ва рисолаи докториашро пеш аз мўҳлат ҳимоя намудааст.

Аз соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва раиси Кумитаи парлумон оид ба иқтисод ва молия буд.

Барандаи Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника дар соли 2006, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои ҳайати таҳририяи маҷаллаҳои илмии ҷумҳуриявӣ ва хориҷӣ мебошад. Раиси шўрои диссертатсионии 6D.KOA-029, аъзои шўрои диссертатсионии 6D.KOA-004 барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа(PhD), доктор аз рўи ихтисос, аъзои Шўрои диссертатсионии Д 999.020.02 ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва доктории назди ДМТ ва ДСРТ буда, муаллифи 6 монография, беш аз 182 мақолаҳои илмӣ ва 18 китобу дастурҳои таълимӣ мебошад.

Оиладор, соҳиби панҷ фарзанд аст.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Август 18, 2022 12:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд