Дар Душанбе ҷаласаи 17-уми раисони судҳои олии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ҷараён дорад

Август 18, 2022 12:11

ДУШАНБЕ, 18.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 17-уми раисони судҳои олии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ҷараён дорад, ки дар кори он раисони судҳои олии Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Русия, Беларус, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҳиндустон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, намояндагони давлатҳои нозир ва ҳайати ҳамроҳонашон иштирок доранд.

Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар Суди Олии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷаласа ҳамчунин муовини Котиби генералии СҲШ Григорий Логвинов, муовини директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ Артур Голованов ва Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ-намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси Олӣ Зариф Ализода ширкат доранд.

Ҷаласаро Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён ифтитоҳ бахшида, оид ба муҳимияти ҳамкорӣ миёни давлатҳои аъзои СҲШ ва моҳияти мавзӯъҳои баррасишаванда сухан гуфт.

Зикр гардид, ки фаъолияти муштараки судҳои олии кишварҳои аъзо дар самти такмили қонунгузорӣ ва амалияи ҳуқуқтатбиқкунӣ дар кори ба амал баровардани адолати судӣ, ҳамгироии низоми ҳуқуқӣ ва таҳкими муколамаи байналмилалӣ саҳми назаррас дорад. Аз ин лиҳоз, минбаъд низ ҳамкории судманд миёни судҳои олии давлатҳои аъзои СҲШ бояд идома ёбад.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ-намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси Олӣ Зариф Ализода дар ҷаласа доир ба ҳамкории судманди сохторҳои дахлдори давлатҳои аъзои СҲШ ва дастовардҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон ибрози назар намуд.

Тибқи рӯзнома, дар ҷаласа масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор мегиранд:

-таҷрибаи таъйини ҷазоҳои алтернативӣ;

-таҷрибаи татбиқи қонунгузории миллии давлатҳои аъзои СҲШ ҳангоми баррасии баҳсҳои марбут ба муфлисшавии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;

-унсурҳои зеҳнӣ, сунъӣ ва рақамикунонии коргузории судӣ: тамоюл ва дурнамо;

-хусусияти хоси баррасии парвандаҳо вобаста ба фарзандхонӣ:

-таҷрибаи давлатҳои аъзои СҲШ оид ба парвандаҳо марбут ба киберҷиноятҳо;

-адолати маъмурӣ дар Қазоқистон;

-ташаккул ва рушди мурофиаи судии маъмурӣ дар Федератсияи Русия.

Зимни ҷаласа дар назар аст, ки раисони судҳои олии давлатҳои аъзои СҲШ, судҳо ва дигар иштирокчиёни ҷаласа оид ба муҳимияти мавзӯъҳои баррасишаванда, рушди қонунгузории кишвари худ, дар ҳамин замина беҳтар гардонидани таҷрибаи судӣ ва роҳҳои инкишофи минбаъдаи ҳамкории мақомоти судӣ дар соҳаҳои гуногуни татбиқи ҳуқуқ андешаҳояшонро баён доранд.

Дар охири ҷаласа изҳороти муштараки раисони судҳои олии давлатҳои аъзои СҲШ қабул гардида, тибқи он дар назар дошта шудааст, ки минбаъд низ миёни судҳои олии давлатҳои аъзо ҳамкории судманд идома дода шавад.

Баргузории ҷаласаҳои мазкур ба рушди ҳамкорӣ миёни мақомоти судии кишварҳои аъзои СҲШ тавсеа бахшида, имкон медиҳад, ки қонунгузории миллӣ ва раванди ислоҳоти судию ҳуқуқии кишварҳои аъзо таҳким ёбад. Ҳамчунин он барои шинос шудан бо таҷрибаи судӣ ва татбиқи амалияи мусбати ҳамдигарӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқ ва озодии инсону шаҳрванд дар ҷомеа мусоидат менамояд.

Ёдовар мешавем, ки ҷаласа дирӯз, 17 август оғоз шуда, бегоҳи имрӯз анҷом меёбад.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: Суди Олии ҶТ

Август 18, 2022 12:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон бо Маркази байналмилалии савдо рақамикунонии соҳаҳои иқтисодӣ ва инноватсияро баррасӣ намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳаштуми вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Президенти Тоҷикистон: «Аҳднома оид ба ҳампаймонӣ муносибатҳои Тоҷикистону Узбекистонро ба сатҳи сифатан нав мебарорад»
Донишҷӯёни тоҷике, ки дар Русия таҳсил доранд, даъват шуданд, ки илм омӯзанд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт
Намояндаи Тоҷикистон дар машваратҳои ғайрирасмӣ дар сатҳи сафирон оид ба Саммити Оянда иштирок намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар ҳамоиш бахшида ба раёсати Қазоқистон дар Созмони Ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Ҷавонон дар сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Тоҷикистон ҷойгоҳи афзалиятнок доранд
Дар Ашқобод ҳамкории Тоҷикистон бо Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда баррасӣ шуд
Дар Женева тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо Маркази байналмилалии савдо баррасӣ гардид
Тоҷикистон бо Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд оид ба тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод ва тиҷорат табодули афкор намуд
Имрӯз таҳти раёсати Сарвазири Тоҷикистон ҷаласаи дуюми Кумитаи тадорукоти Конфронси сеюми оби Душанбе баргузор гардид