Дар Душанбе ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 22.08.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Раиси гурӯҳи дӯстии парлумонии Эрон ва Тоҷикистон, узви Кумитаи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷӣ Ҷалил Раҳимӣ мулоқот намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар дод.
Дар ҷараёни мулоқот Маҳмадтоир Зокирзода иброз намуд, ки Ҳукумат ва парлумони Тоҷикистон дар муносибатҳои байналмилалии худ ба ҳамкорӣ бо Эрон аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд.
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷиҳати густариши муносибатҳои байнипарлумонӣ 20 октябри соли 2011 ба пояи қарордодиву ҳуқуқии ҳамкории дуҷониба бо имзои Ёддошти тафоҳуми ҳамкории байнипарлумонӣ замина гузоштанд.
Миёни Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ фаъолият менамояд.
Дар заминаи робитаҳои байнипарлумонии кишварҳо қадамҳои устувор гузошта шудаанд. Ҷаласаи фосилавии Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки моҳи марти имсол баргузор гардид, далели ин гуфтаҳост.
Ҷалил Раҳимӣ сафари ҳайати парлумонии Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон ба Тоҷикистонро оғози фасли навин дар раванди муносибатҳои парлумонии ду кишвари бародар шумурда, хостори тақвияти ҳамкории маҷлисҳои ду кишвар аз тариқи фаъол намудани гурӯҳҳои дӯстии муштарак гардид.
Дар мулоқот ҳамчунин мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ шуданд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд






