Дар Қирғизистон нишасти коршиносони вазоратҳои корҳои дохилии кишварҳои ИДМ доир гардид

Август 12, 2022 12:19

ДУШАНБЕ, 12.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 11 август дар Қирғизистон ҷаласаи коршиносони вазоратҳои корҳои дохилии кишварҳои узви ИДМ оид ба омодагӣ ба ҷаласаи дарпешистодаи Шӯрои вазирони корҳои дохилӣ (ШВКД), ки дар шаҳри Чолпон-Ата аз 7 то 9 сентябри соли 2022 баргузор мегардад, доир гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Қирғизистон.

Дар ҷаласа намояндагони вазоратҳои корҳои дохилии Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон, Узбекистон, инчунин намояндагони Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил ва дигар намуди ҷиноятҳои хавфнок дар ҳудуди кишварҳои ИДМ (БҲМҶМ) ширкат намуданд.

Нишастро муовини аввали Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Қирғизистон, полковники милитсия Адилбек Бийбосунов оғоз намуда, зикр намуд, ки ҷаласаи дар пешистодаи Шӯрои вазирони корҳои дохилии ИДМ дар нақша аст, ки бори нахуст аз замони оғози пандемияи COVID-19 ба таври ҳузурӣ доир карда шавад.

«Мо аҳамияти баргузории ин чорабиниро барои роҳбарони мақомоти корҳои дохилӣ/полиси давлатҳои ИДМ хуб дарк мекунем, зеро дар он бо мақсади таҳияи стратегияи ягонаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои фаромарзӣ, мубориза бар зидди маводи мухаддир, ҷинояткории муташаккил ва дигар намудҳои ҷиноятҳои дар қаламрави кишварҳои мо мавҷуда тадбирҳо андешида мешаванд», — гуфт Адилбек Бийбосунов.

Ӯ инчунин зикр намуд, ки ШВКД ИДМ нақши амиқе дар созмондиҳии сулҳу субот дорад. Мавқеи мазкур дар пасманзари ҷаҳонишавӣ, ки бо чолишҳо ва таҳдидҳои муосир муборизаи муштарак бурдан зарур меояд, собит карда мешавад.

Нишасти ҳозираи якҷояи коршиносҳо дар самти омода кардан ва инкишоф додани шаклҳои ташкилии ҳамкорӣ дар соҳаи пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар қаламрави кишварҳои ИДМ як қадами дигар ба шумор меравад.

Дар ҷараёни нишаст коршиносон лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳои ба баррасии ҷаласаи навбатӣ пешниҳодшударо аз назар гузаронида, бо назардошти пешниҳодҳои воридгардида онҳоро ба итмом расониданд.

АКС: kginform.com

Август 12, 2022 12:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд