Дар маҳали сохтмони НБО «Себзор»-и ноҳияи Роштқалъа 17 манзили истиқоматӣ бунёд гардид
ХОРУҒ, 13.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи амалӣ намудани ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти расидан ба истиқлолияти комили энергетикии мамлакат дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бунёди Неругоҳи барқи обии «Себзор» идома дорад. Ҳоло 90 фоизи корҳои заминӣ дар неругоҳи мазкур ба поён расидаанд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз МИРАСАН.
Ҳамзамон барои 17 хонаводаи ин деҳа, ки манзилҳояшон дар ҳудуди сохтмон ҷойгир буданд, хонаҳои наву замонавӣ бунёд гардиданд. Мутобиқи нақша, муассисаи таълимии деҳа низ ба макони дигар кӯчонида ва рӯзҳои наздик хишти аввали он гузошта мешавад. Дар канори ин муассисаи таълимӣ майдончаи муосири варзишӣ ва кӯдакистон ба маблағи 8 миллион сомонӣ сохта мешавад.
Бунёди Неругоҳи барқи обӣ дар деҳаи Себзор бо супориши бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда шуда, он бевосита ба беҳтар намудани сифати зиндагии сокинони вилоят ва бо ҷои нави кор таъмин намудани сокинони деҳот нигаронида шудааст.
Лоиҳаи мазкур аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Помирэнерҷӣ» бо дастгирии молиявӣ-техникии Иттиҳоди давлатҳои Аврупо, ҳукумати Олмон тавассути Бонки Олмонии рушд, Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ, котиботи Швейтсария оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва Бонки ҷаҳонӣ амалӣ мегардад.
Дар айни ҳол дар мавзеи бунёди иншооти асосӣ ва таҳкурсии стансияи 110-киловатта корҳои сохтмонӣ ҷараён дошта, то фарорасии фасли сармо ба анҷом мерасанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд
Неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» барои гузаронидани мавсими сармо омода мебошанд
Дар Душанбе нахустин Анҷумани саратоншиносон ва радиологҳои Тоҷикистон доир шуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Дар Душанбе иди бостонӣ ва миллии мо-Меҳргон бо шаҳомати хосса доир мегардад
Намояндагони Суди Олии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии судяҳо оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуданд
Оид ба стратегияи ҳамкории Тоҷикистон ва Корея машғулияти академӣ доир шуд






