Дар ноҳияи Шуғнон наҷотдиҳандагон тарзу усулҳои наҷоти ғарқшудагонро тамрин намуданд
ХОРУҒ, 28.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҳамкорӣ бо Агентии Оғохон оид ба макони зист бо мақсади расонидани кумаки фаврӣ ба осебдидагон дар об дар ҳавзи оббозии Ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон машқи тактикӣ гузаронид. Машқ дар ду марҳила — аз наҷоти ғарқшуда ва расондани кумаки аввалияи тиббӣ ва амалиёти ғаввосӣ сурат гирифт.
Мушовири Агентии Оғохон оид ба макони зист Султонназар Холиқназаров ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан гуфт, ки тобистони соли равон хеле гарм омад ва аз хурд то бузург рӯзҳои истироҳат барои оббозӣ ба лаби ҳавзу рудхонаҳо ҷамъ меоянд. Аксари ҳодисаҳои нохуш дар ҷойҳое рух медиҳанд, ки дар он ҷо оббозӣ ё шиноварӣ манъ аст. Бинобар аз кӯдакону наврасон ва волидони онҳо даъват намудем, ки дар чунин маконҳои ношинос оббозӣ накунанд. Бе ҳузур доштани шахсони калонсол ба ҳавз ё рудхона надароянд. Дар машқи тактикӣ ҳамчунин ҳунару маҳорати ғаввосон ҳангоми кашф ва аз об берун кардани шахси ғарқшуда ба намоиш гузоша шуд. Ҳамаи наҷотдиҳандагон дар ин машқи тактикӣ вазифаи худро хеле моҳирона иҷро намуданд.
Гурӯҳи наҷотдиҳандагон дар баробари такмил додани маҳорату истеъдоди худ ҳамчунин ба як гурӯҳи кӯдакону наврасон дар бораи бехатарӣ аз ғарқшавӣ дар об корҳои фаҳмондадиҳиро анҷом доданд.
Дар охир барои кӯдакону наврасон викторина баргузор карда шуда, онҳое, ки ба суолҳо ҷавобҳои дурусту мукаммал доданд, бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
АКС: АМИТ «Ховар»










ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






