ДАР ПАРТАВИ ДАСТУРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Занону ҷавонони шаҳри Левакант ва атрофи он соҳиби шаҳодатномаи касбомӯзӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 18.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. 178 нафар занону ҷавонон, ки сокини шаҳри Левакант ва шаҳру ноҳияҳои атрофи он мебошанд, тайи ду моҳ ба курсҳои омӯзишии касбӣ ҷалб гардида, соҳиби шаҳодатнома шуданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ хабар доданд, 16 август дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Азот» бо ҳузури Ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Қудрат Давлатзода ба иштирокдорони курсҳо шаҳодатнома супорида шуд.
Бо мақсади соҳибкасб гардонидани занону ҷавонон аз шаҳри Леваканди вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои атрофи он ва дар оянда дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Азот» бо ҷойи кори доимӣ ва маоши арзанда таъмин намудани онҳо миёни Парки технологии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Азот» барои ташкили курсҳои омӯзишии касбӣ 19 майи соли 2022 дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон шартнома ба имзо расида шуд.
Курсҳо тибқи нақшаҳои таълимии махсус, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидаанд, баргузор шуда, ба он 178 нафар занону ҷавонони шаҳри Левакант ва шаҳру ноҳияҳои атрофи он ҷалб гардиданд.

Мутахассисони соҳибтаҷриба ва устодони кафедраҳои тахассусии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо истифода аз иқтидори бузурги илмиву истеҳсолӣ ба аҳолии маҳал ихтисосҳои аппаратчии истеҳсолоти химиявӣ, лаборанти таҳлили химиявӣ, мошинисти таҷҳизоти насосию компрессорӣ, челонгар оид ба таъмири таҷҳизот, тунукасоз ва изоляторчӣ, харрот, кафшергари барқу газ, устои барқ, челонгари барқии асбоби назоратӣ-ченкунӣ ва автоматикаро давоми ду моҳ омӯзониданд. Онҳо аллакай дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Азот» бо кори доимӣ таъмин гардида истодаанд.
Роҳандозии иқдоми мазкур таҷрибаи муфид дар самти касбомӯзии ҷавонону занон буда, ҳамчун заминаи мусоид ба касбомӯзӣ арзёбӣ мегардад, ки дар натиҷаи истифодаи донишҳои азхудкарда дар раванди фаъолият имконияти таъминот бо ҷойи кори доимӣ дар корхонаҳои ватании истеҳсолӣ ба вуҷуд меоянд.
Ҷаҳони муосирро бе омӯхтан ва истифодаи техника ва технологияи нав тасаввур кардан имконнопазир аст. Соҳаҳои нав дар бахши рақамии иқтисодиёт, воситаҳои нави коркарди иттилоот, дастгоҳ ва таҷҳизоти муосир таҳлил ва омӯзиши мунтазам талаб менамоянд. Дар ин шароит омӯзиши пайвастаи касбҳо бо истифода аз дастовардҳои навин дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ бояд кори ҳаррӯзаи ҳар корманд бошад.
Бо дарназардошти ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 декабри соли 2021 баён доштанд, ки «…то соли 2026 шаҳрвандони аз 18-сола болоро, ки касбу ҳунар надоранд, ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб карда, ҷиҳати саросар соҳибкасб гардидани аҳолӣ тадбирҳои иловагӣ роҳандозӣ намоянд. Дар панҷ соли оянда як миллион нафар шаҳрвандони кишвар бояд соҳибкасб гардонида шаванд».
Дар партави дастури Пешвои миллат Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, ки яке аз муассисаҳои базавии омодакунии кадрҳои муҳандисӣ ба ҳисоб меравад, бо мақсади татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат, панҷсолаи рушди саноат, инчунин ҳадафҳои Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд пайваста иқдомҳои муассир роҳандозӣ менамояд.
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар самти татбиқи техника ва технологияҳои муосир, инчунин ворид намудани барномаҳои навин дар раванди таълим бо дастгирии шарикон лоиҳаҳои зиёдеро татбиқ менамояд. Дар муддати кӯтоҳ дар доираи татбиқи лоиҳаҳо бо ҷалби сармояи хориҷӣ озмоишгоҳҳои замонавӣ, аз ҷумла озмоишгоҳи таълимӣ-истеҳсолии ба номи Исмоил Ҷазерӣ, озмоишгоҳи моделсозӣ дар сохтмон, озмоишгоҳи иқтисоди рақамӣ ва 5 маркази таълимии инноватсионӣ бунёд карда шуда, бунёди Устохонаи Лубан ва дигар озмоишгоҳҳою марказҳои илмӣ давом дорад.
АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ








Аз 11550 хатмкунандаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 8488 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд
Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ба таътили тирамоҳӣ мебароянд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба пажуҳиши илмӣ ва усулҳои ба роҳ мондани он ҳамоиш доир шуд
Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон бо Ҷамъияти ҳуқуқшиносони Шанхай ҳамкориро тақвият медиҳад
Сабзалӣ Ҷаъфарзода: «Таъсиси Маркази миллии тестӣ аз ҷумлаи ислоҳоти муҳимми соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид






