Дар сӯхтори калисо дар Миср 41 нафар ҳалок шуданд

Август 15, 2022 11:05

ДУШАНБЕ, 15.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Сӯхтор ҳангоми ибодати рӯзи якшанбе рух додааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Reuters.com.

Сӯхтор дар калисое дар Гиза сар задааст. Фавти 41 нафар ва захмӣ шудани қариб 14 нафар маълум аст. Тибқи фарзияи пешакӣ, шояд сӯхтор дар натиҷаи расиши кӯтоҳи барқ ба амал омада бошад. Аксари фавтидагон кӯдакон будаанд.

Дар Миср бинобар нодуруст пайваст кардани ноқилҳои барқ зуд-зуд сӯхторҳо ​​рух медиҳанд. Ҳодисаи ба ин монанд соли 2020 дар як бемористони Миср, ки дар он маризони гирифтори сирояти коронавирус табобат мегирифтанд, рух дода буд. Дар он вақт 7 нафар фавтида, чанд нафар маҷрӯҳ шуда буданд.

Қаблан дар Миср бар асари бархӯрди микроавтобус бо мошини боркаш дар шоҳроҳи биёбонӣ дар қисмати марказии Миср 17 нафар ҳалок гардида буданд.

АКС: REUTERS/Mohamed Abd El Ghany

Август 15, 2022 11:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид