Дар Тошканд форуми илмӣ-коршиносии СҲШ оид ба амнияти иттилоотӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ, 31.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. 6 сентябр дар Тошканд таҳти раёсати Узбекистон ҳамоиши илмӣ-коршиносии Созмони ҳамкории Шанхай оид ба амнияти иттилоотӣ баргузор мешавад. Дар ин бора муовини директори Институти тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Узбекистон Бобур Усмонов рӯзи гузашта зимни нишасти матбуотӣ хабар дод, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хабаргузории Агентии иттилоотии «Дунё»-и Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Узбекистон.
Интизор меравад, ки дар ҳамоиш доираи васеи масъалаҳо, аз ҷумла, ҳамкорӣ дар мубориза бо таҳдидҳои дар фазои иттилоотӣ мавҷуда, таъмини ҳуқуқи инсон дар заминаи мубориза бо таҳдидҳои киберӣ, тавсеаи нақши СҲШ ва таҳкими ҳамкорӣ миёни давлатҳо дар ин самт баррасӣ шаванд.
Зикр карда мешавад, ки муҳимият ва аҳамияти баргузории чорабинӣ дар он аст, ки сарфи назар аз талошҳои кишварҳо, шиддат гирифтани таҳдидҳо ба амнияти иттилоотӣ, аз ҷумла афзоиши фаъолияти гурӯҳҳои ифротӣ ва террористӣ дар фазои маҷозӣ то ҳол ба назар мерасад. Дар солҳои 2018-2021 аз ҷониби кишварҳои СҲШ дастрасӣ ба беш аз 500 000 манбаи интернетии террористӣ маҳдуд карда шуд.
«Ҳамоиши коршиносӣ ба қабули тадбирҳои ҳамоҳангшуда ва мукаммал дар соҳаи амнияти иттилоотӣ шароит фароҳам оварда, имкон медиҳад, ки самаранокии корҳоро дар ин самт дар доираи давлатҳои СҲШ ба таври назаррас афзоиш диҳем»,-афзуд муовини директори институт Б. Усмонов
Ҳамоиши мазкур дар доираи татбиқи амалии ташаббуси Президент Шавкат Мирзиёев, ки 17 сентябри соли 2021 дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ дар Душанбе ба миён гузошта шуд, ташкил гардид.
Дар форум Дабири кулли СҲШ Чжан Минг, директори Кумитаи иҷроияи СҲШ Руслан Мирзоев, инчунин коршиносони пешбари вазорату идораҳои дахлдор, доираҳои илмӣ, академикӣ ва таҳлилии кишварҳои узви ин созмон, аз ҷумла аз Қирғизистон иштирок менамоянд.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд






