Дар ҳудуди Боғи «Истиқлол» зиёда аз 7 ҳазор бех дарахтони ороишӣ ва 70 ҳазор дона гулҳои садбарг шинонида шудаанд
ДУШАНБЕ, 19.08.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе бахшида ба 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Боғи «Истиқлол» ва майдони Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» ба истифода дода мешаванд. Дар айни замон дар ин майдон корҳои сохтмонию ободонӣ дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Дар ҳудуди боғ зиёда аз 7 ҳазор бех дарахтони ороишӣ ва 70 ҳазор дона гулҳои садбарг шинонида шудаанд.
Сарагрономи майдони Муассисаи давлатии майдони «Истиқлол» Умар Наврӯзов иброз дошт, ки «дар идомаи раванди созандагиҳо дар шаҳри Душанбе бунёди боғи «Истиқлол» бо майдони Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» аз пешрафту шукуфоӣ ва рушду нумуи мамлакат шаҳодат дода, дар он баҳри сокинону меҳмонони пойтахт тамоми шароит барои истироҳату фароғат фароҳам оварда мешавад».
Номбурда зикр намуд, ки масоҳати умумии майдон 30 гектар буда, аз ин шумора 16 гектарашро дарахтону буттаҳо, гулҳои ороишию бисёрсола ва майсазорон ташкил медиҳанд.
«Дар ҳудуди боғ зирк, сиёҳгилаи японӣ, ирғай, шамшоди ҳамешасабз, буттаҳои тобистонсабз, барфбуттамеваи сафед, ёсумани боғӣ, шоҳбулути маҳаллӣ, сарви аризонӣ, санавбар, арча, ҷалғӯза, коҷи машҳадӣ, сарвиноз, ақоқиё, дигар намуди гулу бутта ва дарахтони нодир шинонида шудаанд», — гуфт Умар Наврӯзов.
Ба зикри мавсуф, ниҳолҳои ҳамешасабз ва гулҳои рангоранги боғи мазкур ба зебоии шаҳр ҳусну таровати тоза мебахшанд. Зеро сабзазоркуниву гулшинонӣ миёни мардуми тоҷик чун рамзи сарсабзӣ ва зебоӣ маҳбубияти хосса дошта, чунин иқдом шаҳрвандонро ба зебоипарастиву озодагӣ талқин менамояд.


Инчунин зикр шуд, ки дар 14 гектар ҳудуди майдон роҳраву иншоот ва майдони баргузории чорабиниҳои фарҳангию сиёсӣ, ки масоҳаташ 2,7 гектарро ташкил медиҳад, бунёд шудааст. Майдони мазкур дар назди муҷассама ҷойгир шуда, барои роҳпаймоиҳою намоишҳои театришуда мутобиқ гардонида шудааст.


Ин иншооти муҳташам аз минбар, дарвозаи марказӣ ва дарвозаҳои шимолию ҷанубӣ, фаввораҳо, шаршара, деворнигора, айвончаҳо, майдони баргузории роҳпаймоиҳо, гулгашт, ҳавзҳои декоративӣ бо наҳрҳо, таваққуфгоҳ ва ғайра иборат мебошад.
Баландии муҷассамаи Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» дар маҷмӯъ besthealthcareinfo ташкил медиҳад. Пояи муҷассама пирамидаи ҳаштрўя буда, аз 7 даромадгоҳ иборат мебошад. Дар дохили муҷассама осорхона ва толорҳои баргузории чорабиниву маҳфилҳо ҷойгиранд.


Дар муҷассама тоҷ рамзи давлатдорӣ, истиқлолият, соҳибдавлативу соҳибтамаддунӣ ва таърихи омўзандаи миллати куҳанбунёди тоҷикро таҷассум мекунад.
Бунёди боғи «Истиқлол» бахшида ба 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо майдони маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» бунёд шуда, зери таваҷҷуҳи хоссаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.


Бунёди боғи «Истиқлол» бо майдони Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» дар шаҳри Душанбе аз пешрафту шукуфоӣ ва рушду нумуи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки имсол 31-солагии мустақилияти он таҷлил мешавад, шаҳодат медиҳад.
Зарангези ЛАТИФ,
Тоҳири САИД,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»










Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ идома дорад
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Восеъ иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Кӯлоб 77 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои гузаргоҳи гумрукӣ ва чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии тантанавии идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб иштирок намуданд






