Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи гиромидошти хотираи Мираброр Усмонов дар Тошканд иштирок мекунад

Август 14, 2022 11:15

ДУШАНБЕ, 14.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар мусобиқаи байналмилалӣ ба поси хотири собиқ президенти Ассотсиатсияи футболи Узбекистон Мираброр Усмонов ширкат мекунад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Дар мусобиқаи гиромидошти хотираи Усмонов, ки аз 22 то 27 август дар шаҳри Тошканд баргузор мешавад, дастаҳои наврасони Тоҷикистон, Узбекистон, Эрон ва Япония ширкат мекунанд. Мусобиқа аз рӯи системаи даврӣ дар як марҳила баргузор мешавад. Бозиҳо дар варзишгоҳҳои «Ҷар», «Локомотив» ва «Пахтакор» сурат мегиранд.

Дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар гурӯҳи «Н» бозӣ мекунад. Рақибони дастаи мо тимҳои наврасони Афғонистон, Тимори Шарқӣ ва Муғулистон хоҳанд буд. Бозиҳои интихобӣ дар гурӯҳи «Н» аз 5 то 9 октябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешаванд.

Мусобиқаи гиромидошти хотираи Мираброр Усмонов миёни дастаҳои то 16-сола

Даври 1

22 август (душанбе)

18:00 – Узбекистон (U-16) – Эрон (U-16). Варзишгоҳи «Ҷар»

23 август (сешанбе)

16:00 – ТОҶИКИСТОН (U-16) – Япония  (U-16). Варзишгоҳи «Локомотив»

Даври 2

25 август (панҷшанбе)

16:00 –  Эрон (U-16) – ТОҶИКИСТОН (U-16). Варзишгоҳи «Ҷар»

18:00 – Япония (U-16) – Узбекистон (U-16). Варзишгоҳи «Пахтакор»

Даври 3

27 август (шанбе)

16:00 – Япония (U-16) – Эрон (U-16). Варзишгоҳи «Ҷар»

18:00 – Узбекистон (U-16) – ТОҶИКИСТОН (U-16). Варзишгоҳи «Пахтакор».

Акс: ФФТ

Август 14, 2022 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид