Департаменти давлатии ИМА аз амрикоиҳо даъват кард, ки Украинаро фавран тарк намоянд

Август 24, 2022 12:12

ДУШАНБЕ, 24.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Департаменти давлатӣ ва Сафорати ИМА дар Киев аз шаҳрвандони Амрико, ки ҳанӯз дар Украина қарор доранд, даъват карданд, ки фавран ин кишварро тарк намоянд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора 23 август хабаргузории Associated Press (АР) хабар додааст.

Тавре аз маълумот бармеояд, ин ба иттилои паҳннамудаи Департаменти давлатӣ дар бораи имконияти пурзӯр шудани амалиёти ҷангӣ алоқаманд аст.

Дар тавсияҳои Департаменти давлатӣ ба амрикоиҳое, ки дар Украина боқӣ мондаанд, тартиби амали онҳо дар ҳолати баланд шудани садои таркиш ё бонги хатари ҳавоӣ нишон дода шудааст.

Бино ба иттилои Associated Press, маълумоти Департаменти давлатӣ бар хулосаи рӯзи душанбе ифшошудаи ҷомеаи иктишофии амрикоӣ асос ёфтааст.

АКС аз манбаъҳои боз

Август 24, 2022 12:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид