«ФАРИШТАҲОИ САФЕД». Рӯзи кормандони соҳаи тиб дар Тоҷикистон бо маросими гулчанбаргузорӣ оғоз гардид

Август 18, 2022 10:04

ДУШАНБЕ, 18.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз дар пояи муҷассамаи Абуалӣ ибни Сино (назди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон) бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб маросими гулчанбаргузорӣ баргузор гардид. Дар маросим Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовинони вазир, роҳбарони муассисаҳои тандурустии мамлакат ва меҳмонон иштирок намуданд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат.

Табибӣ касби пурифтихор буда, табибон охирин даргоҳи умеди беморон маҳсуб мешаванд. Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: «Парвардигор танҳо ба табибон лаёқати бардавом кардани умри инсонро ато кардааст. Аз ин рӯ табибонро метавон «фариштаҳои сафед» ном бурд».

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода иброз намуд, ки «табибӣ яке аз пешаҳои муҳимтарини инсонӣ ба шумор рафта, дар таърихи фарҳанги башарӣ мақом ва мартабаи хосса дорад. Табибон нафароне мебошанд, ки инсоният ҳамеша ба онҳо ниёз дорад. Зеро, инсон дар ҷараёни зиндагӣ ҳамеша бо бемориҳо рӯ ба рӯ мешавад ва ягона нафаре, ки дар чунин ҳолат ба дарди онҳо дармон шуда метавонад, ин табиб аст. Аз ин ҷост, ки шаҳрвандон ба табибон ҳамчун наҷотбахши ҷони хеш муроҷиат менамоянд».

Соҳаи тандурустӣ дар мамлакат рӯз то рӯз ба пешравӣ ва дастовардҳои беназир сазовор мегардад. Яке аз ин комёбӣ- қадрдонӣ гардидани Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон бо Ифтихорномаи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) бо мақсади муборизаи босамар бар зидди бемории COVID-19 мебошад, ки ин дастоварди тамоми кормандони соҳаи тандурустии мамлакат маҳсуб мешавад.

Рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ самти афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ҳамеша зери таваҷҷуҳи хосса ва дастгирии доимии Пешвои миллат қарор дорад. Маҳз ҳамин дастгириҳо сабаби беҳтар гардидани нишондиҳандаҳои солимии аҳолӣ гардиданд.

Ба гуфти Ҷамолиддин Абдуллозода, «нисбат ба солҳои пешин нишондиҳандаи фавти кӯдакони то 1-сола ва то 5-сола, фавти занони ҳомила ва теъдоди бемориҳои сироятӣ камтар гардидааст. Давоми соли равон 61 муассиса ба истифода дода шуда, ба муассисаҳои тиббӣ ба миқдори 154 миллион сомонӣ маводи тиббӣ дастрас карда шуданд.

Воридоти технологияҳои муосир имкон дод, ки дар амалияи тиббӣ усулҳои нави пешгирӣ, ташхису табобат ҷорӣ гардида, теъдоди шахсони ба хориҷи кишвар бо мақсади табобат сафаркунанда кам гардад. Миқдори ҷарроҳиҳои мураккаб ва гаронарзиш дар муассисаҳои тиббии ватанӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 26 фоиз зиёд гардид».

Солҳои охир бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурӣ ҳаҷми хизматрасониҳои иҷтимоӣ афзоиш меёбад. Аз ҷумла, соли равон ба 13 ҳазор нафар пиронсолону маъюбон хизматрасонии иҷтимоӣ ва тавонбахшии ҷисмониву равонӣ расонида шуда, ба оилаҳои камбизоат дар ҳаҷми зиёда аз 45 миллион сомонӣ кумакпулӣ пардохт карда шудааст.

Ҳоло кормандони соҳаи тандурустии мамлакат баҳри иҷрои вазифаҳои худ, иҷрои саривақтии қонунгузории соҳавӣ, махсусан дар самти ташкили самарабахши хизматрасонии тиббӣ бо масъулияти баланд фаъолият менамоянд.

Китоби муқаддастарини илми тиб- «Ал-Қонун»-и Абӯалии Сино ёдгории бебаҳои тибби асри миёна буда, дар он умдатарин вазифаи табиб – инсондӯстӣ зикр ёфтааст: «Вазифаи табиб нигоҳ доштани тандурустӣ, сиҳат кардани бемор ва баргардондани саломатии аввала мебошад. Барои аз уҳдаи ин кор баромадан ӯ бояд дониши андӯхтаи хешро мукаммал созад. Ва дар амал ҷорӣ намояд. Вале обрӯву эътибори табиб на фақат ба донишу маҳорат, балки ба ахлоқу одоби ӯ бастагӣ дорад. Табиб дар муомила бо мариз бояд хушзабону ҳалим бошад, хайрхоҳ, мушфиқу мӯнис ва ҳамдарду ғамгусори ӯ гардад».

Имрӯз, соати 16:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ бахшида ба зодрӯзи Абуалӣ ибни Сино ва Рӯзи кормандони соҳаи тиб барномаи фарҳангӣ доир мегардад.

Ёдовар мешавем, ки 18 август ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чун зодрӯзи Абӯалӣ ибни Сино ва Рӯзи кормандони соҳаи тиб ҷашн гирифта мешавад. 1042 сол муқаддам дар ин рӯз фарзанди номвари тоҷик, донишманд, файласуф ва табиби машҳури олам Абӯалӣ ибни Сино ба дунё омада, ба шарафи зодрӯзи ин аллома соли 1995 Парлумони ҷумҳурӣ 18 августро ҳамчун иди касбии табибон ба номгӯи идҳои давлатӣ ворид намуд.

Абуалӣ Ҳусейн ибни Абдуллоҳ ибни Ҳасан ибни Алӣ ибни Сино, машҳур ба Абуалӣ ибни Сино 16 августи соли 980 дар деҳаи Афшона, наздикии Бухоро таваллуд шудааст. Ӯ аз бузургтарин донишмандону пизишкони садаҳои миёна дар ҷаҳон, ахтаршинос, кимиёдон, заминшинос, мантиқдон, риёзидон, физикдон, равоншинос, файласуф ва муаллими бузурги форсу тоҷик мебошад.

Ибни Сино беш аз 450 рисолаи дар бобҳои мухталифи илм навиштааст, ки то замони мо танҳо 240-тои он маҳфуз мондаанд. Ин рисолаҳо аксар соҳаҳои илмро фаро гирифта, хусусан 150-тои он дар илми фалсафа ва беш аз 40-тои дигар дар саҳаи пизишкиянд. Маъруфтарин асарҳои ӯ «аш-Шифо» ва «ал-Қонуну фи-т-тиб» ҳастанд, ки аз бузургтарин донишномаҳои тахассусӣ ва фалсафӣ буда, дар донишгоҳҳои Аврупо то садаи XIX дарс дода мешуданд.

Абӯалӣ Сино дар рушди илми тиб саҳми бениҳоят арзанда гузошта, аз илми пизишкии олими юнонӣ Гален, метафизикаи Арасту, илми пизишкии Эрони бостон, Байнаннаҳрайн ва Ҳинди бостон сарчашма гирифта, онҳоро ҳамҷоя андӯхтааст. Сино ҳамчунин падари тибби замонавӣ ва дорушиносӣ шуморида мешавад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА, 

АМИТ «Ховар» 

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ/АМИТ «Ховар»

Август 18, 2022 10:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Фестивали чоруми дӯстии ҷавонони шаҳри Душанбе баргузор гардид
«БАЧА АЗИЗ, ОДОБАШ АЗ ОН АЗИЗТАР…». Ба таълиму тарбияи фарзандон набояд бетарафӣ зоҳир намуд
Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ва Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ масоили ҳамкории илмию таҳлилиро баррасӣ намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Беморхонаи марказии ноҳияи Темурмалик пурра навсозӣ гардид
ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ. Аз 1 апрел кормандони мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилотҳои давлатӣ ба омӯзиши ҳатмии забонҳои хориҷӣ фаро гирифта мешаванд
Дар ноҳияи Айнӣ сеюмин ҳамоиши гирандагони стипендияи президентӣ баргузор шуд
НАВРӮЗИ ХУҶАСТАПАЙ МУЖДАИ НЕКИ БАҲОРИ ХУРРАМ. Дар Суғд Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳи хоса таҷлил шуд
Тоҷикистон терроризму ифротгароиро қотеона маҳкум менамояд
24 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО БЕМОРИИ СИЛ. Ҳадаф аз он огоҳӣ, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ин беморӣ мебошад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Соли 2023 дар ҷумҳурӣ беш аз 1 миллион бех ниҳоли дарахтони гуногун шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли гулкарам масунияти инсонро боло мебардорад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли ғизои солим беҳтарин роҳи ҳифзи солимии шахс мебошад