Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Ҷопон доир ба мубориза бар зидди ҷинояткории фаромиллӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 01.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо Сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Аики Тосихиро мулоқот намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Зимни мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди ҷинояткории фаромиллӣ, терроризм, экстремизм ва дигар паҳлуҳои ҳамкории дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Рамазон Раҳимзода зикр кард, ки «Ҷопон дар сиёсати хориҷии давлати мо ҳамчун кишвари пешрафтаи олам мақоми хосса дорад ва мо давлати Шуморо шарики муҳим дар арсаи байналмилалӣ арзёбӣ менамоем».
Дар ҷараёни мулоқот саҳми назарраси Агентии байналмилалии ҳамкории Ҷопон (JICA) барои таҳкими ҳамкорӣ махсус зикр гардид.
Аики Тосихиро иброз намуд, ки Ҷопон кӯшиш менамояд ҳамкорӣ бо Тоҷикистон боз ҳам бештар шавад, зеро мардуми ду кишвар бо ҳам дӯсту бародар мебошанд.
Акс: ВКД ҶТ








Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд






