ХАБАР БАРОИ МУЛОҲИЗА. Дар Бразилия барои мутолиаи китоб муҳлати ҷазои маҳбусон кам карда мешавад

Август 4, 2022 15:53

ДУШАНБЕ, 04.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Маҳбусони бразилӣ метавонанд бо мутолиаи китоб муҳлати ҷазои худро кӯтоҳ кунанд. Қонуни дахлдор, тибқи иттилои «Diario comercio industria & servicios», дар рӯзномаи расмии давлатии «Diario Oficial da Uniao» нашр шудааст. Ин барнома, бино ба гузориши агентии иттилоотии Reuters, номи ғайрирасмии «Ҷуброн тавассути хондан»-ро гирифтааст. Он дар чор зиндони федералии Бразилия амалӣ карда мешавад.

Барои ҳар як китоби хондашуда муҳлати ҷазои маҳбусон чор рӯз кам карда мешавад. Дар як сол то 12 китоб ҳисоб карда мешавад. Ҳамин тариқ, маҳбусон метавонанд ҳар сол 48 рӯз ҷазои худро кам кунанд.

Маҳбусон метавонанд миёни асарҳои бадеӣ, фалсафа ва осори илмӣ, ки дар китобхонаи маҳбас дастрасанд, китоб интихоб кунанд. Ба онҳо барои хондани як асар аз 21 то 30 рӯз муҳлат дода мешавад. Пас аз мутолиа маҳбусон бояд иншо нависанд ва ба онҳо коршиносоне, ки дар маҳбасҳо кор мекунанд, баҳо гузоранд. Дар сурати даст задани ҷинояткор ба плагиат ё рӯйбардорӣ ӯ аз ҳаққи ширкат дар ин барнома маҳрум мегардад.

Дар маҳбасҳо ҳамчунин машғулияти хониш ташкил карда мешаванд.


Дар маҳбасҳои Бразилия муҳлат қаблан низ кам карда мешуд, агар маҳбус таҳсил мекард. Аммо, тавре «Bulhufas» таъкид кардааст, ин аввалин қонун аст, ки таносуби байни китобҳои мутолиа ва рӯзҳои кам шудани муҳлатро муқаррар мекунад. Дар маҳбасҳои Бразилия даҳҳо ҳазор нафар одамоне ҳастанд, ки аксарияти онҳо маълумоти миёна надоранд.

Ин хабар муҳокимаи фаъоли корбаронро дар бахши тоҷикии шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овард. Бисёриҳо аз ин иқдоми ҳуқуқшиносони бразилӣ пуштибонӣ карда, барои тасдиқи суханҳои худ аз иқдомҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷалби шаҳрвандони кишвар ба китобу китобхонӣ, бахусус озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мисол меоранд.

Яке аз корбарони Фейсбук Фаридун Саидзода, сокини шаҳри Душанбе, хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Томск менависад:

«Пешвои миллат дар яке аз мулоқотҳо бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ зикр карданд, ки боздошти ҷинояткорон роҳи ҳалли мушкилот нест, онҳо бояд тарбия карда шаванд. Тасаввур кунед, агар маҳбус ҳар моҳ як китоби ҳуқуқшиносӣ хонад, пас аз мутолиаи 60 китоб дар панҷ сол ҳуқуқшинос мешавад.

Имрӯзҳо дар муассисаҳо коркуноне каманд, ки аз рӯи ихтисоси худ 60 номгӯй китоб хонда бошанд. Ҳатто донишҷӯён давоми панҷ соли таҳсил 60 китоби ихтисосиашонро намехонанд. Бояд гуфт, ки ҳангоми мутолиаи 60 китоб ҷаҳонбинӣ ва фаҳмиши хонанда хеле васеъ мешавад ва ӯ дар ҷомеа мавқеи худро зуд пайдо мекунад. Яъне баъди аз маҳбас рафтанаш бекор намемонад. Мо бисёр ҳодисаҳоеро дидем, ки маҳбусон баъди бе кор мондан боз даст ба ҷиноят мезананд. Инчунин аз ҷиҳати илмӣ исбот шудааст, ки ҳар рӯз пай дар пай як моҳ иҷро кардани амал аллакай он ба одат табдил меёбад.

Мувофиқи мақсад мебуд, агар Вазорати адлия якҷо бо олимону мутахассисон чунин лоиҳаро дар асоси қонунгузорӣ ва менталитети халқи тоҷик таҳия намуда, дар яке аз маҳбасҳои кишвар таҷриба мегузаронид. Агар натиҷаи мусбат диҳад, ин хидмати бузурги ин ниҳод хоҳад буд».

Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар мулоқот бо кормандони мақомоти прокуратураи кишвар 13 марти соли 2018 гуфта буданд:

«Вазифаи прокурорҳо ва кормандони дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фақат дастгиру маҳкум кардани шахсони гунаҳкор нест. Онҳо, дар навбати аввал, бояд ба масъалаи пешгирӣ кардани содиршавии қонуншиканиву ҷиноятҳо диққат диҳанд ва корро тавре ба роҳ монанд, ки риояи қонун ба одати доимии мардум табдил ёбад».

АКС аз манобеи боз

Август 4, 2022 15:53

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 21 июл дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
«Қалъаи Хуҷанд» ба рӯйхати 10 мавзеи ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон шомил гардидааст
Дар мавзеи Сари Майни ноҳияи Айнӣ корҳои омӯзишии бостоншиносӣ ва антропологӣ оғоз ёфт
Санъаткорони Қирғизистон Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо карданд
Дар Душанбе бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар самти илмҳои яхшиносӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Ба Маркази мероси хаттӣ беш аз 100 нусха китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳо тақдим гардид
«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад
Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд
«ДӮСТИИ АБАДӢ». Таҳту чунин унвон барномаи фарҳангии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир мегардад
Собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамара Абдушукурова аз олам даргузашт
Ҷаласаи вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид
Имсол дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 8 озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд