ИМА изҳор доштанд, ки ҳаққи гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ дар Афғонистонро нигоҳ медоранд
ДУШАНБЕ, 03.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. ИМА ҳуқуқ доранд, ки минбаъд дар ҳолатҳои зарурӣ дар Афғонистон амалиёти зиддитеррористӣ анҷом диҳанд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, дар ин бора сешанбеи 2 август зимни брифинг барои хабарнигорон ҳамоҳангсози иртибототи стратегии Шӯрои амнияти миллии Кохи Сафед Ҷон Кирби изҳор дошт.
Вай таъкид кард, ки дар Афғонистон шумораи ками ҷангҷӯёни шабакаи террористии «Ал-Қоида»* боқӣ мондааст. «Ва мо медонем, ки дар Афғонистон ҷангҷӯёни “Ал-Қоида” ҳанӯз ҳастанд. Барои паҳн накардани маълумоти махфӣ, ман мегӯям, ки ин рақам чандон зиёд нест»,-гуфт Кирби.
«Агар мо бори дигар таҳдид ба Амрико аз ҷониби онҳо [“Ал-Қоида”*] ё ягон гурӯҳи дигари террористиро бубинем, президент (-и ИМА Ҷо Байден – тавз. ТАСС) ҳақ дорад дубора ба ин иқдом даст занад», зикр кард намояндаи ШАМ, ки ҳамчунин дар бораи аз байн бурдани раҳбари “Ал-Қоида” дар Афғонистон нақл кард.
Кирби таъкид кард, ки Иёлоти Муттаҳида фаъолияти террористҳо дар Афғонистонро бодиққат назорат мекунанд. «Мо вазъро бодиққат назорат карда истодаем ва тибқи маълумоти гирифта амал мекунем», — афзуд ӯ. Ҳамоҳангсози иртибототи стратегӣ дар ШАМ ҳамчунин таъкид кард, ки аз байн бурдани Аз-Завоҳирӣ «маънои онро надорад, ки таҳдиди “Ал-Қоида”* аз байн рафтааст».
Мақомоти Амрико рӯзи душанбе аз маҳви муваффақонаи Аз-Завоҳирӣ хабар доданд. Ҳамлаи ҳавоӣ ба манзиле дар Кобул, ки Аз-Завоҳирӣ дар он ҷо буд, дар охири ҳафта анҷом дода шуд. Ба гуфтаи Вашингтон, роҳбарияти “Толибон” аз ҳузури роҳбари “Ал-Қоида” дар пойтахти Афғонистон хабар доштанд. Маъмурияти ИМА тасдиқ кард, ки “Толибон”-ро аз нияти аз байн бурдани Аз-Завоҳирӣ пешакӣ огоҳ накардааст. Толибон дар навбати худ гуфтанд, ки амалкарди Иёлоти Муттаҳидаро «қатъиян маҳкум мекунанд» ва онро нақзи қонунҳои байналмилалӣ ва созишномаҳои Давҳа медонанд.
________________________
* Созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон ва соири кишварҳои ҷаҳон
АКС аз манбаъҳои боз








ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар Муъминобод ба 20 ҷавон шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Котиби иҷроияи Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои ИДМ Александр Баженов вохӯрӣ намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Беларус Дмитрий Гора мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қирғизистон ва Қазоқистон мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон Камран Алиев мулоқот намуд
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 55 фоиз иҷро шуд
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 76 фоиз иҷро гардид
Дар шаҳри Ҳисор Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони ноҳияи Деваштичро ба хизмати ҳарбӣ гусел карданд
Ҷавонони шаҳри Ваҳдатро бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ гусел намуданд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Ҷавонони ватандӯсти Панҷакент барои хизмат ба Ватан ба сафи Артиши миллӣ рафтанд
Ноҳияи Хуросон нақшаи даъвати тирамоҳиро дар рӯзи якум иҷро намуд






