ИМА изҳор доштанд, ки ҳаққи гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ дар Афғонистонро нигоҳ медоранд

Август 3, 2022 11:14

ДУШАНБЕ, 03.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. ИМА ҳуқуқ доранд, ки  минбаъд дар ҳолатҳои зарурӣ дар Афғонистон амалиёти зиддитеррористӣ анҷом диҳанд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, дар ин бора сешанбеи 2 август зимни брифинг барои хабарнигорон ҳамоҳангсози иртибототи стратегии Шӯрои амнияти миллии Кохи Сафед Ҷон Кирби изҳор дошт.

Вай таъкид кард, ки дар Афғонистон шумораи ками ҷангҷӯёни шабакаи  террористии «Ал-Қоида»* боқӣ мондааст. «Ва мо медонем, ки дар Афғонистон ҷангҷӯёни “Ал-Қоида” ҳанӯз ҳастанд. Барои паҳн накардани маълумоти махфӣ, ман мегӯям, ки ин рақам чандон зиёд нест»,-гуфт Кирби.

«Агар мо бори дигар таҳдид ба Амрико аз ҷониби онҳо [“Ал-Қоида”*] ё ягон гурӯҳи дигари террористиро бубинем, президент (-и ИМА Ҷо Байден – тавз. ТАСС) ҳақ дорад дубора ба ин иқдом даст занад», зикр кард намояндаи ШАМ, ки ҳамчунин дар бораи аз байн бурдани раҳбари “Ал-Қоида” дар Афғонистон нақл кард.

Кирби таъкид кард, ки Иёлоти Муттаҳида фаъолияти террористҳо дар Афғонистонро бодиққат назорат мекунанд. «Мо вазъро бодиққат назорат карда истодаем ва тибқи маълумоти гирифта амал мекунем», — афзуд ӯ. Ҳамоҳангсози иртибототи стратегӣ дар ШАМ ҳамчунин таъкид кард, ки аз байн бурдани Аз-Завоҳирӣ «маънои онро надорад, ки таҳдиди “Ал-Қоида”* аз байн рафтааст».

Мақомоти Амрико рӯзи душанбе аз маҳви муваффақонаи Аз-Завоҳирӣ хабар доданд. Ҳамлаи ҳавоӣ ба манзиле дар Кобул, ки Аз-Завоҳирӣ дар он ҷо буд, дар охири ҳафта анҷом дода шуд. Ба гуфтаи Вашингтон, роҳбарияти “Толибон” аз ҳузури роҳбари “Ал-Қоида” дар пойтахти Афғонистон хабар доштанд. Маъмурияти ИМА тасдиқ кард, ки “Толибон”-ро аз нияти аз байн бурдани Аз-Завоҳирӣ пешакӣ огоҳ накардааст. Толибон дар навбати худ гуфтанд, ки амалкарди Иёлоти Муттаҳидаро «қатъиян маҳкум мекунанд» ва онро нақзи қонунҳои байналмилалӣ ва созишномаҳои Давҳа медонанд.

________________________

 * Созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон ва соири кишварҳои ҷаҳон

АКС аз манбаъҳои боз

Август 3, 2022 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚОИДАҲОИ БЕХАТАРӢ АЗ СӮХТОРРО РИОЯ НАМОЕД! Дар Тоҷикистон беш аз 500 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст
Прокуратураи генералӣ оид ба иҷрои қонунгузории мамлакат беш аз 4,6 ҳазор санҷиш гузаронид
Дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳолати машғул шудан ба ҷодугарӣ ва фолбинӣ ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон сатҳи содиршавии ҷиноят 10,3 фоиз коҳиш ёфтааст
Рамазон Раҳимзода: «Ҷавобгарӣ барои таваққуф дар қаторҳои дуюм ва сеюм пурзӯр карда мешавад»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаш моҳи соли 2026 сатҳи ҷинояткорӣ байни ноболиғон ва ҷавонон зиёд шудааст
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ: «Ҳодисаҳои ғарқшавӣ асосан бо сабаби риоя накардани қоидаҳои оббозӣ ба амал меоянд»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ дар Тоҷикистон 519 ҳолат афзоиш ёфтааст
Дар Тоҷикистон пешгирӣ аз истеъмоли моддаҳои психотропӣ тақвият дода мешавад
Давоми шаш моҳи соли 2026 дар Душанбе 47 ҳолати монеъ шудан ба таҳсилоти ҳатмии ноболиғон ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон шумораи ҷиноятҳои умумӣ бештар ба қайд гирифта шудааст
Дар Душанбе беш аз 90 ҳолати ба фолбинӣ машғул шудани шаҳрвандон ошкор гардид