Имрӯз дар шаҳри Нур-Султони Қазоқистон Чемпионати Осиё оид ба гӯштини дзюдо оғоз мешавад
ДУШАНБЕ, 04.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, имрӯз, 4 август, дар пойтахти Қазоқистон-шаҳри Нур-Султон Чемпионати Осиё оид ба гӯштини дзюдо оғоз шуда, то 7 август идома меёбад, хабар доданд дар Федератсияи дзюдои Тоҷикистон ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар».
Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи сатҳи баланд 9 нафар паҳлавонон намояндагӣ менамоянд. Рақобатҳо аз рӯи 14 вазн (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн миёни бонувон) доир мегарданд. Паҳлавони шинохтаи тоҷик Сомон Маҳмадбеков, ки қаблан дар вазни то 73кг ҳунармоӣ мекард, дараҷаи вазни худро иваз кард. Аз ин пас ӯ дар вазни то 81кг баромад мекунад.
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба гӯштини дзюдо барои Чемпионати Осиё чунин аст: Муҳаммад Маҳмадизода дар вазни то 60кг, Шаҳбоз Саидабуроров дар вазни то 66кг, Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни то 73кг, Сомон Маҳмадбеков ҳамроҳ бо Шодмон Ризоев- ҳарду дар вазни то 81кг, Комроншоҳ Устопириён бо Ҷаҳонгир Маҷидов- ҳарду дар вазни то 90кг, Абубакри Акобир дар вазни то 100кг ва ниҳоят паҳавони маъруф Темур Раҳимов дар вазни +100кг.
Баъди хотима ёфтани рақобатҳои инфиродӣ дар рӯзи охири чемпионат рақобатҳои даставӣ сурат мегиранд. Вале дастаи мунтахаби Тоҷикистон бинобар сабаби нопурра будани ҳайат дар он иштирок намекунад. Бо иштирок дар ин мусобиқаи бонуфузи қоравӣ варзишгарон имкон доранд хазинаи имтиёзҳои худро дар раддабандии Федератсияи байналмилалии дзюдо (IJF) пурра намоянд, инчунин барои дарёфти роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2024 дар Париж имтиёзҳои муҳим ба даст биёранд. Барои мақоми аввал — 700 имтиёз, дуюм — 490 имтиёз ва сеюм — 350 имтиёз дода мешавад.
Ба иттилои Федератсияи байналмилалии дзюдо (IJF), дар Чемпионати мазкур 182 варзишгар аз 19 кишвари қораи Осиё ширкат меварзанд.
Барномаи баргузорӣ:
Рӯзи 1 | 4 август | Панҷшанбе
Оғоз: 09:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 16:00
Занон: -48 kg, -52 kg, -57 kg;
Мардон: -60 kg, -66 kg
Рӯзи 2 | 5 август | Ҷумъа
Оғоз: 09:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 16:00
Занон: -63 kg, -70 kg;
Мардон: -73 kg, -81 kg
Рӯзи 3 | 6 август | Шанбе
Оғоз: 09:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 16:00
Занон: -78 kg, +78 kg;
Мардон: -90 kg, -100 kg, +100 kg
Рӯзи 4 | 7август | Якшанбе
Рақобатҳои даставӣ
Оғоз: 09:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 15:00
Ҳамаи рақобатҳо бо вақти Душанбе сурат мегиранд.
АКС аз манобеи боз








Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд






