«Истиқлолият — заминаи соҳибдавлатӣ ва кафолати ватандорӣ»,- шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон

Август 19, 2022 14:17

ДУШАНБЕ, 19.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Нашрияҳои даврии Тоҷикистон ҳафтаи сипаригардида оид ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат хабару гузориш ва мақолаҳои сершумор ба нашр расониданд, ки шарҳи мухтасари онҳоро пешкаши  хонандагони сомона мегардонем.

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Ҷумҳурият» дар шумораи  №159 (24 518), чоршанбе, 17 августи соли равон зери сарлавҳаҳои «Бунёди роҳҳои босифат Тоҷикистонро ба кишвари тразитӣ табдил медиҳад», «Тоҷикистон ва Узбекистон. Дар доираи ҳамкории минтақавӣ байни Хатлону Сурхондарё 23 созишнома ба имзо расид», «Хатлон. Авлавият  ба таҳкими ҷаҳонбинии хонандагон», «Парандапарварӣ. Дастовардҳо зиёд, вале мушкилот ҳам кам нест!», «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ. Яке аз панҷгонаи беҳтарин муассисаҳои олии касбӣ» маводи таҳлилӣ нашр намудааст. Инчунин хонанда имкон дорад, ки аз рубрикаҳои «Тоҷикистон» ва «Варзиш» аз рӯйдодҳои муҳим ва дақиқ огоҳӣ пайдо намояд.

«Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо, ки бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амалишавии яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар –  раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ дар Тоҷикистон ва минтақа масъул мебошад, имрӯзҳо татбиқи се лоиҳаи сармоягузории давлатӣ оид ба таҷдид ва барқароркунии роҳҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиро амалӣ намуда истодааст.

Яке аз онҳо татбиқи лоиҳаи «Таҷдид ва навсозии роҳи автомобилгарди Душанбе – Бохтар» бо дарозии 73 км (марҳилаи якум 33 километру 273 метр ва марҳилаи дуюм 39 километру 575 метр) мебошад, ки аз ҳисоби гранти Бонки осиёии рушд амалӣ гардида, ба категорияи IБ дохил мешавад»,- чунин нигоштааст рӯзноманигори нашрия Ш. Қурбон дар маводи «Бунёди роҳҳои босифат Тоҷикистонро ба кишвари транзитӣ табдил медиҳад». Хонанда имкон дорад, ки давоми маводро аз ин шумора мутолиа намояд.

Дар шумораи  №158 (24 517), сешанбе, 16 августи соли равон хонандагон метавонанд дар баробари хабару гузоришҳо оид ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат, инчунин вобаста ба пешравиҳои соҳаи саноати шаҳри Истаравшан аз маводи «Истаравшан. Шаҳри куҳан қабои нав мегирад» маълумот пайдо намоянд. Ҳамчунин  метавон матлаби рӯзноманигор Оҳистамоҳ Вафобекро зери сарлавҳаи «Бозор. Аз нигаронии Роҳбар то бемасъулиятии масъулон», ки доир ба нарху навои маҳсулоти хӯрокворӣ дар бозори истеъмолӣ  маълумот додааст, мутолиа намуд.

Дар ин шумора зери сарлавҳаҳои «Башардӯстӣ. Эмомалӣ Раҳмон мунодии сулҳ», «Миниатюра. Чаро дар Тоҷикистон ягон осори Беҳзод нест?», «Ниёгони мо ва илми риёзӣ. Кай ба пояи онҳо мерасем?», «Шаҳринав. Ҳоли табоҳи беморхонаи минтақавӣ ё чаро масъулон ин беморхонаро аз мадди назар дур кардаанд?», «Раҳнамо» маводи хонданӣ нашр шуда, мавзӯъҳои муҳими  рӯзро пешниҳоди хонандагон гардонидаанд.

Нашрияи расмии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Садои мардум» рӯзи чоршанбе, 17 август, №102 (4522) дар саҳифаи аввал қарору фармонҳои  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро чоп намудааст.

Ҳамчунин дар ин шумора таҳти унвонҳои «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккул ва таҳкими давлати муосири тоҷикон», «Дар шаҳри Кӯлоб баъзе корхонаҳои саноатӣ фаъолияти хуб надоранд. Чаро?», «Истиқлолият-заминаи соҳибдавлатӣ ва кафолати ватандорӣ», «Аз дастовардҳои соҳаи стоматология то мушкилоту нақшаҳо», «Шифобахш будан фазилат аст, зеро ин касби пурмаҳсул аз шахс виҷдони поку қалби беолоиш тақозо менамояд» мавод ба нашр расидаанд.

«Дар равиши ҳастии миллатҳо баъзе рӯйдодҳои арзишманду таҳаввулотофар ба амал меоянд, ки аз нигоҳи муҳимият беназир буда, аҳамияти барҷастаи таърихӣ доранд. Аз ҷумлаи чунин рӯйдодҳои сарнавиштсоз, ки дар китоби мавҷудияти пур­ифтихор ва қаҳрамононаи халқи тоҷик бо ҳарфҳои заррин ҳаккокӣ шудаанд, эълони Истиқлолияти давлатӣ ба шумор меравад.

Поягузории рукнҳои асосии давлатдории миллӣ, эҷод ва ташаккули низоми миллии қонунгузорӣ, барномарезиҳои муваффақонаи иқтисодӣ, таъмини рушди устувор, ислоҳоти доманадори бахши кишоварзӣ, беҳдошти вазъи иҷтимоии аҳолӣ, ноил шудан ба бузургтарин дастоварди замони истиқлолият — расидан ба сулҳу субот ва истиқрори сулҳу ризояти миллӣ дастовардҳои даврони истиқлолияти давлатӣ мебошанд»- чунин оғоз шудааст маводи раиси Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе зери сарлавҳаи «Истиқлолият-заминаи соҳибдавлатӣ ва кафолати ватандорӣ». Давоми матлабро метавонед аз ин шумораи рӯзнома мутолиа намоед.

 «Народная газета»— нашрияи расмии русизабони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумораи №34 (20367), 17 августи соли равон  дар баробари дигар нашрияҳо хабару гузоришҳоро аз ҷараёни сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ—Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ва хабару гузоришҳоро аз ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат инъикос намудааст.

Ҳамчунин дар ин шумора зери сарлавҳаи «Обратная связь-оценка эффективности работы персонала», «Ихтиандр» Сарезского озера», «ГБАО. Мирная жизнь продолжается», «В Душанбе состоялась 20-я отчетно-выборная конференция Исполкома НДПТ» ва ғайра мавод ба нашр расидаанд.

«Минбари  халқ» — нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/ дар шумораи №32 (1378), чоршанбе, 17 августи соли 2022 ҷараёни сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Суғдро таҳти сарлавҳаи «Марҳилаи тозаи бунёдкориҳо» инъикос намудааст. Инчунин  дар ин шумораи рӯзнома  хабару мақолаҳо оид ба фаъолияти ҲХДТ  ва дигар  маводи ҷолиб ба  нашр расидаанд.

Дар ин шумора таҳти унвонҳои «Насли рақамӣ ва ояндаи мо», «ТТЕ ҲНИ ба ҳадафҳои нопоки худ ноил нахоҳад шуд», «Ифтихори тоҷикон гардид китоби «Тоҷикон» ва «Дарозумрон ва саратони пӯст» матолиби таҳлилӣ  ба нашр расидаанд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар

Август 19, 2022 14:17

Хабарҳои дигари ин бахш

ИЛМ АЗ ДИДГОҲИ ОЛИМОНИ ҶАВОН. Дар ин мавзуъ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Протокол оид ба таҳияи филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Узбекистон ба тасвиб расид
Рӯзҳои синамои Узбекистон дар Тоҷикистон бо намоиши филми ҳунарии «Зинда бод, ҳамсар!» ҷамъбаст гардид
«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Душанбе ин фестивали ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид
Роҳбарзанони Узбекистон бо табиати зебои шаҳри Норак шинос шуданд
Дар Душанбе ҳамкории илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Акитаи Ҷопон баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо 4 муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон ҳамкорӣ мекунад
«ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Тоҷикистон барои иштирок дар ин намоиши байналмилалӣ омодагии ҷиддӣ мебинад
Дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ доир гардид
Дар Душанбе бо иштироки олимону зиёиёни Тоҷикистон ва Узбекистон конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар доираи Ҳафтаи илм оид ба мероси уран дар Осиёи Марказӣ конфронси байналмилалӣ баргузор гардид