МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ. Қатъи интиқоли оби ошомиданӣ дар назар нест
ДУШАНБЕ, 15.08.2022. /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинону меҳмонони пойтахт мерасонад, ки ба хабарҳои бардурӯғу беасос оид ба қатъи интиқоли оби ошомиданӣ бовар накунанд, омадааст дар иттилоияе, ки шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе интишор намудаааст.
Тавре дар иттилоия гуфта шудааст, шоми дирӯз дар саҳифаҳои иҷтимоӣ оид ба қатъи интиқоли оби ошомиданӣ хабари бардурӯғу беасос паҳн карда шуд, ки сокинони пойтахтро ба таҳлука ва изтироб овард.
«Шаҳрвандони гиромӣ, бори дигар ба самъи шумо мерасонем, ки барои воқиф шудан ҷиҳати қатъ гардидани об ва дигар маълумот аз саҳифаҳои расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, КВД «Обу корези Душанбе» ва воситаҳои ахбори оммаи расмӣ истифода баред»,- гуфта мешавад дар иттилоияи мақомот.
АКС: бойгонии АМИТ «Ховар»








Кормандони сохторҳои шаҳри Душанбе бо мавзеъҳои таърихию сайёҳии минтақаи Кӯлоб шинос шуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар маросими ифтитоҳи дуюмин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) иштирок намуданд
Раиси шаҳри Душанбе бо Раиси шаҳри Шероз мулоқот намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо дастовардҳои сокинони вилояти Суғд шинос шуданд
Кормандони сохторҳои шаҳри Душанбе бо имконияти сайёҳии шаҳри Ваҳдат ва дараи Ромит шинос гардиданд
Олимпиадаи даставӣ барои дарёфти «Ҷоми Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» доир гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Душанбе беш аз 6500 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Кормандони мақомоти шаҳри Душанбе бо имконияти сайёҳӣ ва инфрасохтори энергетикии шаҳри Норак шинос шуданд
Барои кормандони сохторҳои пойтахт ба мавзеъҳои сайёҳии Балҷувон ва Ховалинг хатсайр ташкил гардид
Дар Душанбе 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ботантана ҷашн гирифта мешавад
Аз Душанбе 138 нафар ба даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» роҳхат гирифт
Ҳамкории шаҳри Душанбе бо шаҳри Чонгчини Чин баррасӣ гардид






