«МАН БА САФАР МЕБАРОЯМ!». Манижа Сангин дар Душанбе консерти калон барпо мекунад
ДУШАНБЕ, 10.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Пас аз чанд намоиши лағвшуда дар Русия ва як консерти онлайнӣ, ки дар рӯзи зодрӯзаш баргузор шуд, овозхон Манижа Сангин ба «Сафари ҳунарии лағвнашаванда» мебарояд, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ оғоз мешавад. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора дар сомонаи расмии овозхон www.manizha.art хабар дода шудааст.
«Ин сафари ҳунарӣ орзу дар бораи ҷаҳонест, ки дар он барои баробарии имкониятҳои гуногун, тафовут, муштаракоти фарҳангҳо, арзишҳои умумибашарӣ, ки метавонанд ҳамеша инсонҳоро муттаҳид созанд, ҷой вуҷуд дорад» — гуфта мешавад дар иттилоия.
«Сафари ҳунарии лағвнашаванда» моҳи сентябри соли 2022 оғоз шуда, дар қисмати аввал кишварҳоеро чун Арманистон, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон фаро мегирад. Манижа дар зодгоҳаш — шаҳри Душанбе низ консерти калон барпо хоҳад кард.
Ҳамчунин зикр мегардад, ки як қисми даромад аз консертҳо дар доираи ин сафари ҳунарӣ ба Бунёди SILSILA оид ба дастгирӣ ва ҳимояи одамон дар вазъи душвор, ки Манижа ҳамроҳ бо модараш Наҷиба таъсис додааст, фиристода мешавад.
«Мусиқиро манъ кардан ғайриимкон аст! Ин мисли Офтоб равшан аст. Пас аз «Консерти лағвнашаванда» тавассути онлайн ба худ ваъда додам, ки дар ҳар сурат онро идома медиҳам. Ва инак хушхабар барои шумо: ман ба сафари ҳунарӣ мебароям! Ба «Сафари ҳунарии лағвнашаванда», — навиштааст Манижа дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии Facebook.- Барои ҳар ҳунарманд саҳна ҳаёт аст. Ва расо пас аз як моҳ ин ҳаёт ниҳоят дубора ба ҷуш меояд. Нахуст дар Ереван… Худоё, ман хеле дар ҳаяҷонам».
Ёдовар мешавем, ки Манижа Сангин охирин иштирокчии Русия дар озмуни мусиқии «Евровидение-2021» аст, ки моҳи майи ҳамон сол дар ин озмун таронаи «Russian Woman» иҷро кард ва аз рӯи натиҷаҳои овоздиҳӣ ба даҳгонаи беҳтаринҳо шомил шуд.
Пеш аз ҳунарнамоӣ дар ин озмун ӯ гуфта буд: «Ман аниқ медонам, ки маро финал интизор аст. Аммо он, ки кадом ҷойро соҳиб мешавам, ба эътимоди ботинии ман, ба боварӣ ба он ки маро мешунаванд ё не, вобаста аст».
Ва ӯро шуниданд. Аз ҷумла, албатта, дар Тоҷикистон, ки шумораи зиёди одамон ӯро мухлисӣ мекарданд ва ҳоло ҳам мекунанд. Дарҳол пас аз пирӯзии ӯ дар даври интихоби дар Русия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз миёни ҳама мансабдорони баландпоя ба ин овозхон таҳсин хонда, аз ӯ пуштибонӣ карданд. Он замон Сарвари давлат дар вохӯрӣ бо сокинони Исфара гуфта буданд: «Аҳсан! Ҳамду сано бод бар ӯ, ки дар Тоҷикистон таваллуд шудани худро пинҳон намедорад ва дар ҳама ҷо инро эълон мекунад. Ва ҳоло ӯ шаҳрванди Русия аст».
Баъдан, ба суоли хабарнигори Радиои «Озодӣ» дар бораи он ки оё шунидааст, ки Президенти Тоҷикистон дар бораи ӯ чӣ гуфтаанд, Манижа посух дод: «Бале, албатта. Ба ман хуш омад». Ва ба хоҳиши хабарнигор доир ба гуфтани чанд сухан бо забони тоҷикӣ барои сокинони кишварамон чунин посух дод: «Ман Шуморо нағз мебинам! Раҳмати калон!».
Қаблан, соли 2020 Манижа Сангин, ки бо тахаллуси эҷодии Мanizha маъруф аст, нахустин аз Русия Сафири ҳусни нияти Комиссариати Олии СММ оид ба гурезагон (UNHCR) таъйин шуда буд.
АКС аз сомонаи расмии овозхон








«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид






