МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГӢ. Бо сокинону истироҳаткунандагони соҳили дарёи Варзоб корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
ДУШАНБЕ, 11.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби кормандони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе, шуъбаҳои дахлдори тобеи он ва масъулини шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Варзоб бо сокинон ва истироҳаткунандагони ин минтақа корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати мамлакат.
Мулоқоту суҳбатҳои мазкур дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи мазкур оид ба ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» доир шуданд.
Маълум аст, ки дар фасли тобистон бештар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ вақти таҳсили тобистонаи худро дар истироҳатгоҳҳои ноҳияи Варзоб сипарӣ менамоянд. Ҳамчунин сокинони ҷумҳурӣ, аз ҷумла шаҳри Душанбе баҳри фароғат дар гармои тобистон ба истироҳатгоҳҳои ноҳияи мазкур мераванд.
Дар вақти гузаронидани суҳбат ба сокиноне, ки дар наздикии дарёи Варзоб зиндагӣ мекунанд, масъалаи тозаю озода нигоҳ доштани оби дарёи Варзоб, ки қисми зиёди сокинони пойтахт аз он истифода менамоянд, фаҳмонида шуд.
Мақсади асосии баргузор намудани корҳои тарғиботӣ- фаҳмонидан ва аз ҷониби нозирони соҳавӣ пешгирӣ намудани ҳолатҳои қонуншиканӣ дар самти истифодаю ҳифзи манбаъҳои обӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ, хусусан истироҳаткунандагон ва сокинонест, ки дар ду тарафи соҳили дарё зиндагӣ менамоянд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ваҳдати миллӣ меҳвари асосии худшиносӣ ва кафили соҳибихтиёрии давлат аст
Дар шаҳри Турсунзода байни духтарон эстафетаи футбол, машқҳои шавқовар ва озмунҳои гуногун доир карда шуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бо натиҷаҳои татбиқи лоиҳаҳои Барномаи рушди СММ дар вилояти Суғд шинос мешаванд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ оид ба риояи талаботи бехатарии саноатӣ машварат доир намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияҳои Панҷ, Фархор ва Ҳамадонӣ раванди корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ пурзӯр карда мешаванд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон оид ба пешгирии талафот ва истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷаласа доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе рӯзона ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад






