МИЛЛИОН ТОННА. Дар Тоҷикистон то имрӯз ҳамин миқдор сабзавот ҷамъоварӣ шуд
ДУШАНБЕ, 26.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон маъракаи ҷамъоварии ҳосил дар авҷ аст. То имруз, қариб 1 миллион тонна сабзавот ҷамъоварӣ шудааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.
Ба иттилои манбаъ, соли равон дар 38 ҳазору 422 гектар замин, аз ҷумла дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Баахшон 410 гектар, дар Суғд 9 ҳазору 108 гектар, дар Хатлон 20 ҳазору 687 гектар ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 8 ҳазору 218 гектар сабзавот кишт карда шудааст.
Дар 31 ҳазору 954 гектар, аз ҷумла 59 гектар дар ВМКБ, 4 ҳазору 687 гектар дар Суғд, 20 ҳазору 205 гектар дар Хатлон ва 7 ҳазору 3 гектар дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳосили сабзавот ҷамъоварӣ гардидааст.
Дар маҷмӯъ, 983 ҳазору 635 тонна сабзавот, аз ҷумла 428 ҳазору 940 тонна пиёз, 42 ҳазору 845 тонна карам, 197 ҳазору 714 тонна помидор, 108 ҳазору 358 тонна бодиринг, 102 ҳазору 248 тонна сабзӣ ва 103 ҳазору 100 тонна дигар навъҳои сабзавот ҷамъоварӣ карда шуданд.
Зимнан, ҳаҷми ҷамъоварии ҳосили мева дар ҷумҳурӣ 139 ҳазору 785 тонна ва ангур 32 ҳазору 85 тоннаро ташкил дод.
Кишоварзони мамлакат ба ҷамъоварии ҳосили нави сабзавот, ки имсол дар зиёда аз 38,4 ҳазор гектар замин кишт карда шуд, машғуланд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки дар Тоҷикистон арзиши пиёз поён меравад. Нарх баъди ба бозори дохилӣ ворид гардидани ҳосили нави сабзавот муътадил гардид.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад






