«НЕРУИ АҚЛ». Дар мактабҳои Тоҷикистон лоиҳаи омӯзиши илмҳои дақиқ ба забони русӣ оғоз мешавад

Август 9, 2022 13:34

 ДУШАНБЕ, 09.08.2022. /АМИТ «Ховар»/. Вазорати маорифи Федератсияи Русия дар соли нави хониш дар чанд мактаби хориҷӣ лоиҳаи омӯзиши физика ва риёзиро ба забони русӣ оғоз менамояд. Дар нимаи аввали сол 300 нафар мактаббачагон аз Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон иштирокчии он хоҳанд шуд, хабар додааст рӯзи душанбе сомонаи ин ниҳод. 

«Вазорати маорифи Федератсияи Русия дар соли хониши дарпешистода лоиҳаи байналмилалии башардӯстона оид ба таълими физика ва математика «Неруи ақл»-ро  дар хориҷи кишвар оғоз мекунад. <…> Дар шашмоҳаи аввали соли таҳсили 2022/23 тақрибан 300 донишҷӯи хориҷӣ метавонанд ба забони русӣ барномаи иловагии таълимии махсус тарҳрезишуда аз фанҳои физика ва математикаро аз худ кунанд», гуфта мешавад дар хабар.

Озмоиши лоиҳа дар қаламрави Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон гузронида мешавад. Дар нимаи дуюми соли хониши 2022/23 дар сурати татбиқи муваффақонаи барнома васеъ намудани лоиҳа ва ҷалби кишварҳои хориҷи дур барои иштирок дар он дар назар аст.  Барномаро омӯзгорони рус – иштирокчиёни лоиҳаи байналмилалии Вазорати маориф «Муаллими рус дар хориҷа» амалӣ хоҳанд кард.

Таҳиягари лоиҳа яке аз донишкадаҳои олӣ дар соҳаи физикаю математика — Институти давлатии педагогии Глазов ба номи В.Г. Короленко мебошад. Донишгоҳ якҷоя бо муаллимони пешбари русиягии физика ва математика барномаи таълими иловагиро барои хонандагони мактабҳои кишварҳои хориҷӣ таҳия мекунад.

Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар доданд, лоиҳаи мазкур ба татбиқи вазифаҳо дар чаҳорчӯби «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илм ва маориф» (2020-2040), ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 31 январи соли 2020 эълон шудааст, инчунин фармони дигари Сарвари давлат аз 4 апрели соли 2003 «Дар бораи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ» ва «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мусоидат менамояд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Август 9, 2022 13:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Аз 11550 хатмкунандаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 8488 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд
Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ба таътили тирамоҳӣ мебароянд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба пажуҳиши илмӣ ва усулҳои ба роҳ мондани он ҳамоиш доир шуд
Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон бо Ҷамъияти ҳуқуқшиносони Шанхай ҳамкориро тақвият медиҳад
Сабзалӣ Ҷаъфарзода: «Таъсиси Маркази миллии тестӣ аз ҷумлаи ислоҳоти муҳимми соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид