Номи сарвазири нави Британия 5 сентябр маълум мешавад

Август 23, 2022 12:24

ДУШАНБЕ, 23.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Британия номи роҳбари нави ҳукумат 5 сентябр эълон мегардад. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора шабакаи телевизионии Sky News бо истинод ба ҳамраиси ҳизби консервативӣ Эндрю Стивенсон хабар додааст.

Ба гуфтаи ӯ, натиҷаи интихоботи раиси ин ҳизб, ки нахуствазири нав мешавад, баъд аз зуҳри 5 сентябр эълон хоҳад шуд.

Интизор меравад, ки ин рӯйдод соати 12:30 ба вақти маҳаллӣ рух диҳад. Аммо ин макон то ҳол ном бурда нашудааст, ба далели амниятӣ ширкаткунандагони маросим дар ин бора ҳамагӣ 48 соат пеш аз баргузории чорабинӣ иттилоъ хоҳанд ёфт.

Эҳтимол меравад, ки рӯзи дигар иҷрокунандаи вазифаи сарвазир Борис Ҷонсон ваколатҳоро ба вориси худ интиқол диҳад. Ва аллакай 7 сентябр дар парлумон ҷаласаи анъанавии саволҳо ба сарвазир баргузор мешавад.

Ёдовар мешавем, ки ба даври ниҳоии мубориза барои мақоми раҳбари Ҳизби консервативӣ вазири корҳои хориҷӣ Лиз Трасс ва вазири собиқи молия Риши Сунак роҳ ёфтанд. Нуҳ сиёсатмадори дигар пас аз чанд даври интихобот онро тарк карданд.

Интихоби ниҳоиро аъзои одии ҳизб, ки тақрибан аз 200 ҳазор британиягиҳо иборатанд, анҷом хоҳанд дод.

АКС: www.unsplash.com

Август 23, 2022 12:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид