ПАХТА-2022. Кишоварзони ноҳияи Кӯшониён имсол беш аз 26 ҳазор тонна «тиллои сафед» ҷамъоварӣ менамоянд

Август 28, 2022 09:08

ДУШАНБЕ, 28.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имсол кишоварзони ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон дар майдони 11 ҳазору 320 гектар 7 навъи тухми пунбадонаро кишт намуда, ҳоло дар аксари хоҷагиҳо маъракаи ҷамъоварӣ пахта оғоз гардидааст, иттилоъ додаанд ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотӣ ва таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон.

Тибқи дурнамо, кишоварзон дар соли равон 26 ҳазору 535 тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ менамоянд.

Ба иттилои Раёсати кишоварзии ноҳия, бо гарм омадани боду ҳавои имсола, ба сабзишу нашъунамои ниҳолони пахта таъсири мусбӣ расонид ва умед аст, ки деҳқонон аз иҷрои дурнамои пешбинигардида бо сарбаландӣ мебароянд.

Кишоварзони ноҳияи Кӯшониён тӯли чанд соли охир дар ҳамкорӣ бо олимону мутахассисони соҳа аз навъҳои «Австралӣ», «Флеш», «Хатлон –2014», «Бухоро» истифода бурда, дар натиҷаи риояи дурусти қоидаҳои парвариш ҳосили дилхоҳи пахтаро ба даст меоранд.
Айни замон дар пахтазори ноҳияи Кӯшониён садҳо нафар сокинон ба ҷамъоварии пахта баромада, ин маъракаи натиҷабахшро рӯз то рӯз вусъати тоза мебахшанд.

Масъулин дар ҳамкорӣ бо хоҷагидорон ҷиҳати беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосил барои ҳавасмандии чинакчиён шароити мусоид фароҳам меоранд.

АКС: шуъбаи иттилотӣ ва таҳлили дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон

Август 28, 2022 09:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон ташаббуси вилоятии «Саҳми ман дар ободии Ватан» доир карда мешавад
Беш аз 5 ҳазор ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф карда шуд
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ 873 миллион сомониро ташкил дод
Кишоварзони Кӯлоб аввалин маротиба зери плёнка чигит кишт намуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Таърих, фарҳанг, табиат ва меҳмоннавозии мардум вилояти Суғд сайёҳонро бештар ба худ ҷалб намудааст
Дар истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол» таътили тобистонаи хонандагон хотирмон мегузарад
Дар ноҳияи Деваштич ҳамоиши гирандагони Стипендияи президентӣ баргузор гардид
Дар Тоҷикистон дар беш аз 27 ҳазор гектар ҷуворимакка барои дон кишт гардидааст
Имрӯз ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Фестивали хӯрокҳои милллии Покистон баргузор мегардад