«ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА РУШДИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ». Таҳти чунин унвон китоб ба нашр расид

Август 6, 2022 12:35

ДУШАНБЕ, 06.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Китоби Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол» иборат аз ду ҷилд дар нашриёти «Ношир» рӯйи чоп омад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуот ва таҳлилии Дастгоҳи КИМ ҲХДТ.

Дар китоб мақолаҳои олимону ходимони давлатии ҷумҳурӣ атрофи мавзӯъҳои гуногун, ба монанди саҳми Пешвои миллат дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, сиёсиву фарҳангӣ, ташаббусҳои байналмилалӣ, эҳёи фарҳанг ва ҳунарҳои мардумӣ, мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, саҳми занон ва ҷавонон дар рушди ҳаёти ҷомеа, дурнамои рушди иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар зери сиёсати дурандешона ва ҳидоятҳои Сарвари давлат дар самти сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар гирдоварӣ шудаанд.

Муҳаққиқон андешаи хешро атрофи муҳимтарин масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсиву давлатӣ, ки барои суботи сиёсӣ, амалӣ намудани чор ҳадафи стратегии ҷумҳурӣ ва рушди сиёсати дохиливу берунии кишвар муҳим ба ҳисоб мераванд, баён доштаанд.

Асари мазкур барои муҳаққиқоне, ки ба омӯзишу тадқиқи масъалаҳои равандҳои иҷтимоиву сиёсии ҷомеаи муосири Тоҷикистон машғул мебошанд, метавонад чун маводи хуби илмӣ-таҳлилӣ хизмат намояд.

 АКС: Маркази матбуот ва таҳлилии дастгоҳи КИМ ҲХДТ

Август 6, 2022 12:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Барномаи консертии арбобони санъати Тоҷикистон ва Қирғизистон таҳти унвони «Дӯстии абадӣ» доир мегардад
«ҚАЛАМДОРӢ-МАСЪУЛИЯТИ ВАТАНДОРИСТ». Таҳти ин унвон маҳфили адабии нависанда Садриддин Ҳасанзода доир шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи маъюбон ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
Дар Душанбе намоиши дастнависҳо, нусхаҳои чопи сангӣ ва хушнависиҳои ашъори Ҳофизи Шерозӣ баргузор шуд
Мехоҳед таътили тобистонаи фарзандатон босамар гузарад? Пас ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон биёяд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. 25 километр роҳи деҳаи Гулзори шаҳри Кӯлоб мумфарш карда мешавад
Дар шаҳри Норак 2 ёдгории бостонӣ кашф ва таҳқиқ карда шуд
Дар Мурғоб коргоҳи маҳсулоти қаннодии «Нозанин» ва 5 гармхона ба фаъолият шуруъ намуданд
Дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Ванҷ синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуд
50 километр роҳи деҳоти Ҳисор ва Ориён то сарҳади Узбекистон таъмир мегардад
Дар Мурғоб калонтарин неругоҳи офтобӣ ба истифода дода шуд
Дар Шуғнон корхонаҳои саноатӣ ва иншооти соҳаҳои тандурустӣ ва маориф ба истифода дода шуданд