Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон боғи истироҳатию фароғатии «Истиқлол»-и шаҳри Конибодомро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Август 11, 2022 09:51

ДУШАНБЕ, 11.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. 11  август дар шаҳри Конибодом Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боғи истироҳатию фароғатии “Истиқлол”-ро, ки аз нав сохта шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Боғи истироҳатию фароғатии “Истиқлол” дар маркази шаҳри Конибодом дар масоҳати қариб 5 гектар бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар вилояти Суғд бо тарҳи муосир, унсурҳои шаҳрсозии миллӣ ва санъати баланди меъморӣ бунёд шудааст.

Корҳои сохтмонӣ дар боғи истироҳатию фароғатӣ моҳи марти соли 2021 оғоз ёфта, боғ дар вақти муайяншуда ва бо сифати баланд бунёд гардид. Зимни корҳои сохтмонӣ зиёда аз 50 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори муваққатӣ таъмин гардиданд.

Дохил ва роҳравҳои боғи навбунёд пурра бо гулу буттаҳои ороишию мавсимӣ сабзазор гардонда шуда, дарахтони ороишӣ, гулҳои доимӣ ва мавсимӣ шинонда шудаанд.

Бо мақсади зебову назаррабо гардондани боғи фарҳангӣ даромадгоҳ ва роҳравҳои он сафолакпӯш гардидаанд. Мувофиқи нақшаи асосӣ дар ҳудуди боғ фаввора ва дигар таҷҳизоти дилхушкунанда насб гардидаанд, ки аз ин пас сокинону меҳмонони шаҳри Конибодом дар ин макон истироҳат менамоянд.

Боғи истироҳатию фароғатии “Истиқлол” дар маркази шаҳри Конибодом дар доираи сиёсати фарҳангпарваронаи роҳбарияти олии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёд шудааст.

Дар дохили боғи нав нишастгоҳҳо ва суҳбаткадаҳои замонавӣ насб гардидаанд. Фароҳам овардани чунин шароит имконият медиҳад, ки наврасону ҷавонон ва дар маҷмӯъ кулли сокинони шаҳри Конибодом дар боғи навбунёду замонавӣ истироҳату фароғат намоянд.

Ифтитоҳи боғи истироҳатию фароғатиии “Истиқлол”-и шаҳри Конибодом 11.08.2022

 

Август 11, 2022 09:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Конибодом иншооти нави иҷтимоию саноатӣ ва истироҳатӣ бунёд карда мешаванд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ
Дар деҳаи Истиқлоли ноҳияи Деваштич майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар минтақаи Рашт 30 оилаи ниёзманд соҳиби манзили истиқоматӣ шуда, ду корхонаи саноатӣ фаъол гардид
Сафари кории Президенти Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд
Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар Ёвон бинои иловагии муассисаи таълимӣ ва маркази инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Варзоб ду муассисаи нави таълимӣ барои 1485 хонанда ба истифода дода мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Кристофер Ландауро ба ҳузур пазируфтанд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд