ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН БОРҲО ДАР ИН МАВЗӮЪ ГУФТААНД. Барномаи СММ хабар медиҳад, ки ғарби ИМА метавонад бе об ва барқ бимонад

Август 4, 2022 14:11

ДУШАНБЕ, 04.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ду обанбори калонтарин дар ИМА, ки миллионҳо сокинони кишварро бо об ва неруи барқ ​​таъмин мекунанд, ояндаи наздик метавонанд камоб шаванд. Ба гуфтаи коршиносон, ин ба оқибатҳои буҳрони иқлимӣ ва масрафи аз ҳад зиёди об марбут аст. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора рӯзи сешанбеи 2 август Барномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист ё ЮНЕП (англ. UNEP, United Nations Environment Programme) хабар додааст.

«Ҳавзи мурда»

Сатҳи об дар кӯлҳои Мид дар Невада ва Пауэлл дар Юта ва Аризона ба поинтарин нуқтаи худ дар тӯли таърих паст фаромада, метавонад ба он дараҷае бирасад, ки онро дар Амрико «ҳавзи мурда» меноманд. Ин маънои онро дорад, ки ҷараёни об кори неругоҳи барқиро таъмин намекунад.

Калонтарин обанборҳои сунъӣ дар ИМА

Обанбори Мид, бузургтарин обанбори сунъӣ дар Иёлоти Муттаҳида, соли 1930 ҳангоми сохтмони сарбанди Гувер, ки дар дарёи Колорадо тақрибан 50 км ҷанубу шарқи Лас Вегас, дар сарҳади иёлоти Невада ва Аризона ҷойгир аст, ба вуҷуд омадааст.

«Мо тӯли бист соли охир дар ғарби Амрико, дар ҳавзаи дарёи Колорадо шароити хушксолиро мушоҳида мекунем, аз ин рӯ ҳатто дар бораи хушксолӣ ҳарф намезанем,- мегӯяд коршиноси экосистемаҳои Барномаи муҳити зисти Созмони Милали Муттаҳид (UNEP) Муллин Бернард.- Мо онро «аридификатсия» (туршӣ), афзоиши хушкӣ меномем ва онро меъёри нави муқарраршуда мешуморем».

Лейк-Пауэлл дар рӯйхати обанборҳои сунъӣ ҷои дуюмро ишғол мекунад. Он ҳангоми сохтмони сарбанди Глен Канйон соли 1960 ба вуҷуд омадааст.

Маҳдудияти эҳтимолӣ дар истеъмоли об

Кӯлҳо на танҳо сокинони Невада, Аризона, Калифорния, Вайоминг, Колорадо ва Ню-Мексикоро бо неруи барқ ​​таъмин мекунанд, балки барои обёрӣ низ истифода мешаванд. Коршиносон ҳушдор медиҳанд, ки дар сурати бад шудани вазъ мақомот маҷбур мешаванд дар истифодаи об маҳдудият ҷорӣ кунанд. Аммо ин тадбир низ шояд кофӣ  набошад.

«Мутобиқи сатҳи захираҳои об танзими истеъмол дар дурнамои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат ниҳоят муҳим аст. Сабаби он тағйирёбии иқлим аст»,- мегӯяд корманди UNEP дар Амрикои Шимолӣ Мария Моргадо.

90 дарсади офатҳои бузургтарини бист соли охир дар натиҷаи обхезӣ, хушксолӣ ва дигар офатҳои марбут ба об рух додаанд. Бо тез-тез рух додани хушксолӣ одамон дар минтақаҳое, ки аз норасоии об азият мекашанд, вобастагии бештар ба манбаъҳои обҳои зеризаминӣ пайдо  менамоянд.

«Тӯфони идеалӣ»

Ба ҳолати захираҳои об имрӯз якбора ду омил – афзоиши аҳолӣ ва тағйирёбии иқлим, ки боиси кам шудани бориш ва баланд шудани ҳарорати ҳаво мегарданд, таъсир мерасонанд.

«Дар ду даҳсолаи охир мо афзоиши талабот ба обро дар пасманзари иқлими хушк мушоҳида кардем»,- мегӯяд Бернард. «Ин ҳолати хеле нигаронкунанда аст, махсусан дар атрофи кӯли Мид ва кӯли Лейк-Пауэлл. Сухан дар бораи «тӯфони олӣ» меравад.

Аммо ин на танҳо ба ИМА дахл дорад — ин тамоюл дар Аврупо, Осиё, Африқо ва дигар минтақаҳои сайёра низ мушоҳида карда мешавад: хушксолӣ ва биёбоншавӣ торафт бештар ба амал меоянд. Тибқи гузориши Конвенсияи СММ оид ба мубориза бо биёбоншавӣ, аз соли 1970 инҷониб оқибатҳои офатҳои иқлимиро ҳамасола дар сайёра 55 миллион нафар эҳсос мекунанд ва ҳамасола 2,3 миллиард нафар бо камбуди об рӯбарӯ мешаванд.

Таназзули замин

Хушксолӣ низ яке аз омилҳои таназзули замин мебошад. Ҳоло аз 20 то 40 фоизи захираҳои замин хароб шудаанд.

То соли 2030 ЮНЕП даҳаи барқарорсозии системаҳои экосистемаро пайгирӣ мекунад. Ҳадафи аслии ин иқдом- боздоштани раванди таназзул дар саросари ҷаҳон ва саҳм гузоштан дар барқарорсозии захираҳои замини осебдида мебошад.

Дар ин бора Президенти Тоҷикистон ҳушдор додаанд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар 30 соли охир дар ин мавзӯъ чандин борҳо сухан гуфтаанд. Аз ҷумла, зимни суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлоси 76-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 24 сентябри соли 2021 чунин иброз дошта буданд:

«Дар роҳи расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор дар кишварҳои гуногун, аз ҷумла Тоҷикистон, мушкилоти марбут ба тағйирёбии иқлим низ монеаи ҷиддӣ эҷод менамоянд. Мутаассифона, кишвари мо дар натиҷаи офатҳои табиии марбут ба об ҳамасола садҳо миллион доллари амрикоӣ зиён дида, дар аксар мавридҳо офатҳои табиӣ сабаби марги одамон ва аз байн рафтани инфрасохтори ҳаётан муҳим мешаванд.

Мо имрӯзҳо дар арафаи ҷаласаи 26-уми тарафҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим қарор дорем (аз 31 октябр то 12 ноябри соли 2021 дар Глазго баргузор шуд. – Тавз. АМИТ «Ховар»)Бар ин боварем, ки ҷаласаи мазкур барои дастрасӣ ба ҳадафҳои Созишномаи Париж ва суръат бахшидан ба талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мубориза бо тағйирёбии иқлим саҳми бориз хоҳад дошт.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Яке аз пайомадҳои ҷиддии ин раванд обшавии пиряхҳо мебошад. Тоҷикистон, ки 93 фоизи ҳудуди он аз кӯҳистон иборат мебошад, дар баробари дигар кишварҳои минтақа аз тағйирёбии даври гидрологӣ, ки боиси обхезиву хушксолиҳои шадид гардида, ба захираҳои обиву энергетикӣ ва амнияти озуқаворӣ таъсири манфӣ расонида истодааст, нигарон мебошад. Дар натиҷаи тағйирёбии иқлим ва гармшавии бесобиқаи ҳаво аз 13 ҳазор пиряхи дар кӯҳсори Тоҷикистон мавҷуда то имрӯз беш аз 1 ҳазори он пурра аз байн рафтааст.

Ин ҳама дар ҳолест, ки то шаст фоизи захираҳои оби Осиёи Марказӣ аз пиряхҳои Тоҷикистон сарчашма мегиранд.

Кишвари мо аз рӯи партовҳои қиёсии дуоксиди карбон дар ҷаҳон ҷойи 135-умро ишғол менамояд ва 96 фоизи қувваи барқи худро дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мекунад.

Ман ба ҳайси роҳбари чунин як кишвар барои дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти марбут ба тағйирёбии иқлим борҳо дар ҳамоишҳои байналмилалии марбута пешниҳодҳои мушаххас ироа кардаам. Дар ин робита, ман ҳамчун узви гурӯҳи муассисони Эътилофи ҷаҳонии обу иқлим дар ҷаласаи нахустини сатҳи баланди он пешниҳод намудам, ки соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон карда шавад.

Итминони комил дорем, ки ин ташаббус барои ҷалби бештари таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳалли масоили обу иқлим ва обшавии пиряхҳо мусоидат хоҳад кард.

Таъсиси Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид иқдоми дигаре мебошад, ки татбиқи он метавонад барои омӯзиши фарогир ва пешниҳоди роҳҳои муассири ҳалли ин мушкилоти ҷаҳонӣ замина гузорад».

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон дар раванди пешгирии оқибатҳои тағйирёбии иқлим тавассути пешбурди масъалаҳои об ва иқлим дар Рӯзномаи ҷаҳонии рушд ва пешниҳоди қатъномаҳои дахлдори Созмони Милали Муттаҳид оид ба ин масъалаҳо саҳм мегузорад.

Дар айни замон Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки бо ибтикори Тоҷикистон ва аз ҷониби СММ эълон шудааст, амалӣ мешавад.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ интизори Конфронси ҳамаҷонибаи миёнамуҳлати Созмони Милали Муттаҳид дар ин даҳсола аст, ки соли 2023 дар Ню-Йорк баргузор мешавад. Тоҷикистон якҷо бо Шоҳигарии Нидерланд ҳамраиси ин ҳамоиши муҳими байналмилалӣ интихоб шудааст.

Дар тӯли тақрибан 50 сол ин дуввумин Конфронси махсуси Созмони Милали Муттаҳид оид ба об хоҳад буд, ки бори дигар нақши калидии обро дар рӯзномаи рушди ҷаҳонӣ ва ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор нишон медиҳад.

Назокат ҚОДИРЗОДА,
АМИТ «Ховар»

ДАР АКСИ БОЛО: кӯли Лейк-Пауэлл ҳангоми сохтмони сарбанд дар Аризона соли 1964 ба вуҷуд омадааст. Акс аз Хадамоти иттилоотии СММ/Э. Скаффиди

 

Август 4, 2022 14:11

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – шакли муассири идоракунии давлатӣ ва равнақбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол
ПРЕЗИДЕНТИ ТАШАББУСКОР. Нақши Сарвари Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои оби тоза дар ҷаҳон беназир ва муассир аст
ТАШАББУСИ ШОИСТАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Дар ҳошияи пешниҳоди Президенти Тоҷикистон вобаста ба қабули қатъномаи махсуси СММ оид ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»
ГЕОСТРАТЕГИЯ ВА ГЕОПОЛИТИКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ба Рӯзи Президент бахшида мешавад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиш баргузор шуд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ гузаронида шуд