Раисони судҳои олии Тоҷикистон ва Қирғизистон мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 18.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе вохӯрии Раиси Суди Олии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён бо Раиси Суди Олии Қирғизистон Замирбек Базарбеков, ки дар ҷаласаи 17-уми раисони судҳои олии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок дорад, баргузор гардид. Ҷаласа дар пойтахти Тоҷикистон мегузарад.
Зимни мулоқот таъкид гардид, ки миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва бародарона ба вуҷуд омадаанд, ки заминаи мустаҳками таърихию фарҳангӣ доранд. Ҳамкории ду кишвар дар асоси муносибатҳои дуҷониба ва биисёрҷониба дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз қабили СММ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай инкишоф меёбад.
Тарафҳо ба таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ, бахусус дар таҳия ва татбиқи ташаббусҳои муштарак оид ба такмили низоми судии ду кишвар изҳори ҳавасмандӣ карданд.

Бо мақсади таҳкими минбаъдаи ҳамкории дуҷониба Раиси Суди Олии Қирғизистон Замирбек Базарбеков Шермуҳаммад Шоҳиёнро барои иштирок дар конфронси байналмилалии «Мустақилияти ҳокимияти судӣ дар заминаи ислоҳоти конститутсионӣ», ки 16 сентябри соли 2022 дар Бишкек баргузор мегардад, даъват намуд.
Шермуҳаммад Шоҳиён ба Замирбек Базарбеков барои ширкаташ дар ҷаласаи 17-уми раисони судҳои олии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай миннатдорӣ баён намуда, гуфт, ки барои ба сатҳи нав баровардани ҳамкории дуҷониба омода аст.
Ҷонибҳо инчунин дастовард, афзалият ва таҷрибаи низоми судии ду кишварро баррасӣ карданд.
АКС аз манбаъҳои боз








Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли Мақомоти федералии андози Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сарвазири Гурҷистон вохӯрӣ намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Гурҷистон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дар Берлин нахустин Маркази инноватсионии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии NVIDIA муаррифӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Донишгоҳи давлатии аграрии Урали Ҷанубӣ баррасӣ шуд
Дар Душанбе оид ба дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо САҲА мубодилаи афкор доир шуд
Донишҷӯёни Донишкадаи Diplomun Institute бо фаъолияти Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Женева шинос шуданд
Сафири Тоҷикистон ба вазири корҳои хориҷии Алҷазоир нусхаи эътимоднома супорид
Қоҳир Расулзода: «Раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ба иқтисод ва мавқеи ин созмони бонуфуз таҳким бахшид»
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид
Имконоти сармоягузорӣ, тиҷорат ва соҳибкории Тоҷикистон дар расонаҳои Амороти Муттаҳидаи Арабӣ муаррифӣ гардиданд






