«Саноатсодиротбонк» дар Данғара филиал ва дар Рашт маркази хизматрасонии бонкӣ ифтитоҳ намуд
ДУШАНБЕ, 27.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон филиали бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» ва дар ноҳияи Рашт маркази хизматрасонии бонкии он ба истифода дода шуданд.
Тавре дар маркази матбуоти «Саноатсодиротбонк» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки 24 ва 26 август дар маросими ифтитоҳи филиал ва маркази хизматрасонии бонкӣ Раиси Раёсати «Саноатсодиротбонк» Ҳокимшоҳ Бобозода, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳо, соҳибкорон, роҳбарон ва муассисони корхонаҳои истеҳсолӣ ва намояндагони шуъбаҳои минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Зикр шуд, ки фаъолияти филиали бонк дар ин минтақа бевосита дастгирии молиявии корхонаҳои саноативу истеҳсолии навтаъсис, амалкунанда ва соҳибкорони инфиродии самти корашон ба истеҳсоли молу маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда ба шумор меравад.
Кушодашавии филиал ва маркази хизматрасонии бонкӣ дар ҳар минтақа, пеш аз ҳама, дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ арзёбӣ мегардад.
Дар натиҷаи ба фаъолият шурӯъ намудани филиал дар ноҳияи Данғара ва маркази хизматрасонии бонкӣ дар ноҳияи Рашт 18 воҳиди корӣ ташкил шуда, мутахассисони соҳибтаҷрибаи маҳаллӣ ба кор таъмин гардиданд.
Ҳамчунин филиал ва марказ бо таҷҳизоти муосири кору хизматрасонӣ таъмин буда, барои кормандон шароити хуб фароҳам оварда шудааст.

Дар филиал ва маркази хизматрасонии бонкӣ барои мизоҷон хизматрасониҳои интиқоли маблағ, кушодани суратҳисоб, додани қарзҳо ва қабули пардохти қарз ва фоизҳои он, кушодан ва пешбурди суратҳисоби амонатии пасандозӣ, амалиётҳои кассавӣ (аз ҷумла, қабул ва иваз намудани пулҳои фарсуда ва осебдидаи корношоям), амалиётҳои мубодилавӣ бо асъори хориҷӣ, хизматрасонии кортҳои пардохтии бонкӣ фаъол мебошанд.
Бояд тазаккур дод, ки «Саноатсодиротбонк» соли 2022 филиалҳои худро дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоби вилояти Хатлон ва шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ифтитоҳ намуд.

Бонки мазкур ҷиҳати дастгирии корхонаҳои навтаъсис, амалкунанда ва соҳибкорони инфиродӣ барои истеҳсол, банду баст, нигоҳдории молу маҳсулот, аз ҷумла, молу маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда бо роҳи пешниҳод намудани қарзҳо ва хизматрасониҳои бонкӣ фаъоляити худро ба роҳ мондааст. Дар ин замина барои дастгирии соҳибкорони истеҳсолӣ муҳлати қарзро аз 36 моҳ то ба 60 моҳ дароз намуд. Инчунин бо мақсади саҳм гузоштан дар рушди соҳибкории истеҳсолӣ ва ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ бонк тасмим гирифтааст, ба соҳибкорони ватание, ки ба истеҳсол ва ё воридоти анвои ғизои аввалия машғул ҳастанд, қарзро бо 14 фоиз ба муҳлати то 5 сол пешниҳод намояд.
АКС: «Саноатсодиротбонк»









Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






