Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Конибодом бинои Кумитаи иҷроияи ҳизби ХХДТ-ро ба истифода супориданд
ДУШАНБЕ, 11.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. 11 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари кории худ дар вилояти Суғд бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодомро ба истифода доданд.
Бинои ҳизб дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Кумитаи иҷроияи марказӣ ва вилоятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом тариқи ҳашар бо сифати баланд бунёд гардидааст.
Мувофиқи лоиҳа, бино аз таҳхона ва ду ошёна иборат буда, барои кормандон шароити беҳтари корӣ муҳайё карда шуд.
Бинои навбунёд дорои ҳуҷраҳои корӣ буда, бо компютер ва мизу курсии замонавӣ таъмин карда шудааст. Бояд зикр намуд, ки то имрӯз барои кормандони ҳизб дар шаҳри Конибодом чунин шароити созгор мавҷуд набуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳуҷраҳои корӣ дидан намуда, барои бунёди чунин бинои наву замонавӣ аҳсану офарин хонданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом суҳбати озоду самимӣ анҷом дода, онҳоро ба фаъолияти софдилонаву содиқона ба нафъи давлату миллат ва амалӣ намудани ҳадафҳои олии ҳизб ҳидоят намуданд.
Дар таҳхона барои ба касбу ҳунаромӯзӣ фаро гирифтани ҷавонон, бахусус духтарони хонанишин курси омӯзиши компютерӣ, маҳфилҳои рассомӣ, сабадбофӣ, адрасу атласбофӣ ва тоқидӯзию сӯзанидӯзӣ ба роҳ монда шудааст. Ин иқдом имконият медиҳад, ки ҷавонон ба курси омӯзиши компютерӣ ҷалб карда шуда, технологияи иттилоотии коммуникатсиониро пурра аз худ намоянд.








Дар Ҳамбурги Олмон 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон таҷлил гардид
«ИСТИҚЛОЛ — ГАНҶИ МИЛЛАТ, БАҚОИ ДАВЛАТ». Бо чунин унвон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар иншооти ҷашнии ноҳияи Ашт корҳои ободониву созандагӣ идома доранд
Намояндагони баландпояи Бонки ҷаҳонӣ бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Дар Екатеринбург 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд аз чойхонаи Сирдарё дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд якчанд иншооти нави истеҳсоливу иҷтимоиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд муассисаи томактабии «Хуршеди Истиқлол»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26-и «Нури Раҳмон»-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Муассисаи давлатии «Маркази дастгирии оила ва кӯдак»-ро ифтитоҳ намуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон шумораи махсуси маҷаллаи «ECO Heritage» ба нашр расид






