Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон «Коллеҷи ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан»-ро мавриди истифода қарор доданд

Август 10, 2022 11:00

ДУШАНБЕ, 10.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. 10 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Бояд гуфт, ки бинои замонавии Коллеҷи ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумӣ бо дастгирии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масоҳати 1,40 гектар бо сарфи 7 миллиону 755 ҳазор сомонӣ бунёд шудааст.

Дар соли 2022 барои идомаи корҳои сохтмонӣ аз ҳисоби буҷети Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд беш аз 1 миллион сомонӣ, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан 844 ҳазор сомонӣ маблағ ва аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ барои ободонии атроф ва мумфаршкунии роҳҳои назди муассиса 650 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардид.

Корҳои пудратиро коргарони Ҷамъияти саҳомии “МПМК — Уротеппа” бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи рӯз ба анҷом расондаанд.

Бинои Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан” аз 3 ошёна иборат буда, коллеҷ аз рӯи 13 ихтисосу равияҳои ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла санъат ва ҳунарҳои бостонии гулдӯзӣ, зардӯзӣ, кашидадӯзӣ, адрасу атласбофӣ ва қолинбофӣ мутахассисони соҳибмаълумот тайёр менамояд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар коллеҷ 43 нафар устодону омӯзгорон, рассомон ва ҳунармандони халқӣ ба донишҷӯён нозукиҳои ҳунарҳои халқии тарроҳии либосҳои миллӣ, кандакорӣ, армуғонсозӣ, наққошӣ, графика ва хаттотӣ, гаҷкорӣ, заргарӣ, оҳангарӣ ва ғайраҳоро меомӯзонанд.

Ҳайати омӯзгорони коллеҷ аз профессор, дотсент, 3 нафар номзади илм, 5 нафар аспирант ва 2 нафар магистрант иборат мебошад.

Дар Коллеҷи ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан беш аз 270 нафар донишҷӯ аз шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Суғду Хатлон ва дигар минтақаҳои Тоҷикистони азиз таҳсил доранд.

Донишҷӯён дар баробари омӯхтани ҳунарҳои мардумӣ, инчунин имкон доранд фанҳои фарҳангшиносӣ, таърихи Тоҷикистон, химия, математика, асосҳои соҳибкорӣ, технологияи иттилоотӣ, асосҳои педагогика ва психология, забонҳои русиву англисӣ ва этикаи касбиро аз худ намоянд.

Зимни шиносоӣ бо шароити дар муассисаи таълимӣ фароҳамшуда Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба устодон барои истифодаи самараноки имконияти ин даргоҳи ҳунар баҳри дар сатҳи баланд тарбия кардани шогирдон дастуру ҳидоятҳо доданд.

Дар ин даргоҳи ҳунар устодон ба шогирдон инчунин нозукиҳои фанҳои тахассусии рангкашӣ, расми соҳавӣ, композитсия, анатомияи пластикӣ, тарҳсозӣ, хаттотӣ, назарияи касбӣ, масолеҳшиносӣ ва ғайраро меомӯзонанд.

Дар муассисаи таълимӣ китобхонаи электронӣ фаъолият менамояд, ки зиёда аз 550 ҳазор нусхаи китобҳои электрониро доро мебошад.

Мавриди зикр аст, ки аз оғози таъсис ҳунармандони коллеҷ зиёда аз 70 маротиба дар намоишгоҳҳои эҷодии шаҳрӣ, 33 маротиба дар вилоятӣ ва 29 бор дар озмуну фестивалҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ширкат намуда, сазовори ҷоизаву ифтихорномаҳо шудаанд.

Зимни суҳбат омӯзгорон ва устодони “Коллеҷи ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан” ҷавобан ба ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ваъда доданд, ки ба истиқболи ҷашни 30-солагии Иҷлосияи 16-уми тақдирсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои нақшаву чорабиниҳои тасдиқшударо дар самти таълиму тарбияи ҷавонон ва омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ  бо сатҳу сифати аъло таъмин менамоянд.

Мавриди зикр аст, ки ташкили Коллеҷи ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан далели эътироф, пуштибонӣ ва ҳифзи ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби Роҳбарияти олии сиёсии мамлакат ва падидаи наву нодири замони Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ифтитоҳи Коллеҷи ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан 10.08.2022

Август 10, 2022 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Вазири давлатӣ оид ба корҳои савдои хориҷии Вазорати тиҷорат ва савдои Давлати Қатар Аҳмад ибни Муҳаммад Ас-Сайидро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири сармоягузории Подшоҳии Арабистони Саудӣ Холид Ал-Фолеҳро ба ҳузур пазируфтанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Вазири иқтисод ва дороии Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Алӣ Маданизодаро ба ҳузур пазируфтанд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо Татяна Молчанро ба ҳузур пазируфтанд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест – 2025»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест — 2025» иштирок намуданд
Анҷоми сафари Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин дар Тоҷикистон
Ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян мулоқот намуданд