Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи нассоҷӣ ва дӯзандагии ҶДММ «Нури Истаравшан»-ро ифтитоҳ ва аз намоиши маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ боздид намуданд

Август 10, 2022 08:15

ДУШАНБЕ, 10.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. 10 август дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Истаравшан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нури Истаравшан”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Корхонаи нави нассоҷӣ ва дӯзандагӣ, ки самти асосии фаъолияти он ба истеҳсоли ҷӯроб, либоси мактабӣ ва либосҳои фармоишӣ равона гардидааст, аз ҷониби муассис ва роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нури Истаравшан” Исроил Яқубов дар доираи дастгириҳои доимии роҳбарияти олии сиёсии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ёфтааст.

Биноҳои истеҳсолии корхонаи “Нури Истаравшан” дар масоҳати  зиёда аз 96 ҳазор метри мураббаъ бо харҷи беш аз 3 миллион сомонӣ сохта ва бо дастгоҳу технологияи муосири бофандагию дӯзандагӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.

Дар коргоҳи нассоҷии корхона 60 дастоҳу таҷҳизоти ҷӯроббофӣ аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ворид ва наслу насб гардида, дар он 40 нафар занону духтарони хонанишин бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Иқтидори истеҳсолии коргоҳи мазкур 800 ҳазор ҷуфт ҷӯроб дар як сол буда, ба иттилои масъулон, оянда бо васеъсозии фаъолият ин нишондиҳанда боз ҳам боло хоҳад рафт.

Ашёи хом, аз ҷумла ресмон барои омода намудани ҷӯроб аз дохили кишвар ва қисман аз Ҷумҳурии Мардумии Чин дастрас шуда, дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ аз он маҳсулоти ивазкунандаи воридот омода карда мешавад. Ҷӯробҳои истеҳсолии корхона баробари таъмини бозори дохилӣ ба кишварҳои хориҷӣ низ содирот мегарданд.

Аснои шиносоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити муосири корӣ ва раванди истеҳсолот иттилоъ дода шуд, ки талаботи солона ба ҷӯроб дар ҷумҳурӣ 70 миллион ҷуфт мебошад ва иқтидори амалкунандаи корхонаҳои истеҳсолии ватанӣ 73 миллион ҷуфт ҷӯроб дар як солро дар бар мегирад.

Дар коргоҳ дӯхти либоси ягонаи мактабӣ ба роҳ монда шуда, навтарин технология аз кишварҳои тараққикардаи дунё бо харҷи 25 ҳазор доллари америкоӣ ворид ва бо ҷалби мутахассисони ватанӣ васлу насб карда шудаанд. Дӯхти либоси мактабӣ ва дигар сару либос дар асоси фармоиши мизоҷон дар ин коргоҳ бо истифода аз 55 таҷҳизот ба роҳ монда шудааст.

Дар коргоҳи дӯзандагӣ 60 нафар занону духтарони маҳаллӣ, ки аксаран хонашин буданд, ба кор ҷалб гардидаанд. Иқтидори истеҳсолии коргоҳи мазкур 60 ҳазор ҷуфт либоси ягонаи мактабӣ дар як сол мебошад.

Дар маҷмӯъ, бо мавриди истифода қарор гирифтани корхонаи нассоҷӣ ва дӯзандагии “Нури Истаравшан” 100 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Ифтитоҳи корхонаи нассоҷӣ ва дӯзандагии ҶДММ «Нури Истаравшан» ва боздид аз намоиши маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ 10.08.2022

Август 10, 2022 08:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Данғара корхонаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сохта мешавад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Басманда хатти оби полезиро ифтитоҳ намуданд ва бо лоиҳаи заминҳои кишти картошкаи ноҳияҳои Деваштич, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Шаҳристон шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти томактабии №6-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич 5 кӯдакистон, муассисаи таълимӣ, толори варзишӣ ва бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ-ро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Имсол дар Бадахшон 45 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ ба фаъолият оғоз намуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Коргоҳи дӯзандагӣ ва қолинбофии “Ёсуман”-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Коргоҳи пойафзол ва маводи шустушӯии «Раҳматулло»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Маркази саломатии деҳаи Қалъаи Дӯстиро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони шаҳри Панҷакент мулоқот намуданд
Cуханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони шаҳри Панҷакент
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Халифа Ҳасани шаҳри Панҷакент бо фаъолияти гармхонаи Моғиён-Агро шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Сӯҷинаи шаҳри Панҷакент корхонаи истеҳсоли шиферро ифтитоҳ намуданд