Дар ноҳияи Данғара корхонаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сохта мешавад

Июль 12, 2025 11:30

ДУШАНБЕ, 12.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «КМ Муосир» оид ба сохтмон ва баистифодадиҳии корхонаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҳудуди ноҳияи Данғара Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расонида шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ҳадафи имзои Созишномаи сармоягузорӣ ин тавассути ҷалби сармоя ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва дар ин замина таъмини мунтазами корхонаҳои ватании дар соҳаи саноат фаъолияткунанда бо маҳсулоти тайёр арзёбӣ мегардад. Дар ин замина сармоягузор уҳдадорӣ гирифтааст, ки барои бунёди корхонаи нав ва таҷдиди истеҳсолоти марҳилаи аввал 80 миллион сомонӣ сармоягузорӣ намуда, беш аз 50 нафарро бо ҷойҳои нави кор таъмин намояд.

Ин иқдом дар самти татбиқи яке аз чор ҳадафи стратегии Ҳукумати ҷумҳурӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат мусоидат менамояд.

Иброз гардид, ки қаблан аз ҷониби сармоягузор корхонаи истеҳсоли моддаҳои таркандаи эмулсионии саноатӣ дар ноҳияи Данғара сохта ба истифода шудааст.

АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 12, 2025 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид